расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Индонезия изҳори ҳамдардӣ кард

. / Сиёсат

Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Индонезия изҳори ҳамдардӣ кард

Як ҳавопаймои мусофирбари ширкати ин кишвар ба садама дучор шуд.

Сурат: jetphotos
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 10 январ ба президенти Ҷумҳурии Индонезия Ҷоко Видодо бинобар суқути ҳавопаймо ва талафоти зиёди ҷонӣ дар пайи он барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон таъкид мешавад, ки “хабари суқути ҳавопаймои мусофирбари ширкати ҳавопаймоии Индонезия, ки боиси талафоти зиёди ҷонӣ гардид, моро сахт андуҳгин намуд”.
“Дар иртибот ба ин фоҷеаи вазнин ба Шумо ва мардуми дӯсти Индонезия ҳамдардии амиқи ин ҷонибро иброз дошта, ба наздикону пайвандони қурбоншудагон сабри ҷамил хоҳонам», - омадааст дар барқия.
Ҳавопаймои мусофирбари Boeing 737-500-и ширкати ҳавопаймоии Sriwijaya Air-и Индонезия рӯзи 9 январ чанде баъд аз парвоз аз фурудгоҳи Ҷакарта ба садама дучор шуд. Ба гуфтаи вазири нақлиёти Индонезия, дар ҳавопаймо 12 аъзои сарнишинон ва 50 мусофирон, аз ҷумла 10 нафар кӯдакон ҳузур доштанд.
Пас аз 4 дақиқаи парвоз алоқаи ҳавопаймо бо танзимгарон (диспетчерҳо) қатъ мешавад. Ҳавопаймо ба самти шаҳри Понтианак дар ҷазираи Борнео равона буд.
Хадамоти наҷотбахшии Индонезия изҳор доштааст, ки шикаста пораҳои ҳавопаймои ба садама дучоршударо дар баҳр дарёфт кардаанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.