расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Чин ба ҷанг омодагӣ мебинад

Сиёсат / Ҳаводис

Чин ба ҷанг омодагӣ мебинад

Роҳбари Чин даъват намуд, ки технологияҳои муосир дар саноати ҳарбӣ фаъолтар татбиқ карда шаванд.
Си Ҷинпин дастур дод, ки нерӯҳои мусаллаҳи Чин омодаи ҷанг бошанд. Дар ин бора “Tasnim News Agency” хабар додааст.
Ба гуфтаи рӯзноманигорон, сиёсатмадорро ба чунин изҳороти шадид ташаннуҷи авзои байни Чин ва Ҳиндустону Тайван водор намудааст. Си Ҷинпин, фармон дод, ки Артиши озодибахши халқӣ доимо дар ҳолати омодабош бошад ва дар ҳолати зарурӣ фавран амал кунад. Вай инчунин диққати роҳбарияти
Вазорати мудофиаро ба тайёр кардани кадрҳои соҳибихтисоси ҳарбӣ вазифадор кард. Роҳбари Чин даъват намуд, ки технологияҳои муосир дар маҷмааи саноатии ҳарбӣ фаъолтар татбиқ карда шаванд. Ҳамзамон, коршиносон таъкид мекунанд, ки агар соли гузашта раҳбарияти Чин артиши худро барои «ҷилавгирӣ аз ҷанг» танзим карда бошад, пас аз аввали соли равон мавзуъ ба куллӣ тағир ёфт ва роҳабри Чин ба омодагӣ ба ҷанг даъват мекунад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.