расонаи иттилии - Ориён » . » Муҳоҷир » Ду ҷавони тоҷик одамонро аз сӯхтор дар Петербург наҷот доданд

. / Муҳоҷир

Ду ҷавони тоҷик одамонро аз сӯхтор дар Петербург наҷот доданд

Ду зодаи Тоҷикистон дар як хонаи баландошёнаи наздикии шаҳри Санкт-Петербург сӯхторро хомӯш карда, одамонро наҷот доданд.
Сӯхтор бевақтии шом дар яке аз манзилҳои ошёнаи 12-уми бино сар зада, ҷавонони тоқик - Зариф Ниёзов ва Фаррух Умаров, ки дар бинои дигари он тарафи роҳ зиндагӣ мекунанд, ба ёрӣ шитофтанд, хабар дода мешавад дар гузориши телевизионии шабакаи Мир24.
“Лифти бино кор намекард, аз ин рӯ, бо зинапоя ба боло давидем. Фикр доштем, ки байни осебдидагон кӯдакон ҳам буда метавонанд”, - ҳикоят кардааст Зариф.
Онҳо ҳамроҳи бошандагони бино аввал барои аз манзилҳо берун овардани одамон кумак карда, сипас то омадани оташнишонон ба хомӯш кардани сӯхтор пардохтаанд.
Фаррух Умаров ва Зариф Ниёзов дар як ҳавлӣ дар Тоҷикистон ба воя расида, Зариф аллакай муддати 14 сол инҷониб муқими Русия ва шаҳрвандии ин кишварро дораду дар корхонае (завод) кор мекунад. Фаррух қариб 4 сол пеш ба Русия омада, ронандаи таксӣ аст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.