расонаи иттилии - Ориён » . » Муҳоҷир » Макронро дар Маскав тоҷикон “макарон” гуфта, боздошт шуданд

. / Муҳоҷир

Макронро дар Маскав тоҷикон “макарон” гуфта, боздошт шуданд


Дар шабнома Макронро таҳқиромез «макарон» ва «лапша» номида, навиштаанд, ки раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров президенти Фаронсаро дар Телеграмаш «террорист №1» хондааст.

Ду шаҳрванди 22- ва 24-солаи Тоҷикистон рӯзи 3 ноябр дар толори истгоҳи метрои «Третьяковская» дар Маскав барои паҳн кардани тасвирҳои танзомез (карикатура)-и президенти Фаронса Эммануэл Макрон дастгир кардаанд.
Дар ин бора хабаргузории ФАН бо такя ба манбааш дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи пойтахти Русия хабар дод. Ба гуфтаи ин манбаъ, ду ҷавони тоҷик замоне дастгир шуданд, ки дар вагонҳои метро акси Эммануэл Макронро бо навиштаи «Террористи №1-и ҷаҳон» мечаспонданд. Шабномаҳоро аз дасти онҳо мусодира карда, нисбат ба ин ду нафар протоколи маъмурӣ тартиб додаанд ва аз ҳарду баёнот гирифтаанд.
Дар шабнома Макронро таҳқиромез «макарон» ва «лапша» номида, навиштаанд, ки раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров президенти Фаронсаро дар Телеграмаш «террорист №1» хондааст.Рӯзи ҷумъаи гузашта дар назди сафорати Фаронса дар Маскав низ як гирдиҳамоии эътирозӣ ба зидди Эммануэл Макрон ва сиёсати Фаронса нисбат ба мусулмонон доир шуда буд. Тавре аз видеоҳои нашршуда дида мешавад, аксари иштироккунандагони он эътироз муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ, асосан аз Тоҷикистон ва Ӯзбекистон буданд. Пулиси Маскав гуфт, 8 нафар аз эътирозгаронро дастгир кардааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.