расонаи иттилии - Ориён » . » Дин » Ҳайкали Исо, пайкараи Буддо ва номи Муҳаммад

. / Дин

Ҳайкали Исо, пайкараи Буддо ва номи Муҳаммад

Ба ифтихори мелоди Паёмбари гиромии Ислом, ки мусодиф омадааст ба имрӯз, 29-уми октябри 2020

Масҷиди Набавӣ дар Мадинаи Мунаввара
Дар миёни чеҳраҳои машҳуру бузурги адёни ҷаҳон Исо ва Буддо хеле номҳои матраҳу чеҳраҳои шинохта шудаанд. Ва ба таври хос Исо дар Ҷаҳони Масеҳӣ ва Буддо дар қаламрави ойини буддоӣ ва ҳиндуӣ.
Номи Исо на танҳо дар мутуни динӣ ва ривоёти мазҳабӣ, балки дар дунёи ҳунари масеҳӣ низ хеле матраҳ аст. Муҷассамасозон ва ҳайкалтарошони масеҳӣ бо талошҳову заҳматҳои фаровон пайкараҳои шигифтангези Исоро ба дунёи ҳунару мазҳаб, ба пайравону мухлисони Исо ва ба мардуми дунё тақдим намудаанд.

Пайкараҳои Исо Пайғамбар: эътиқод ё ҳунар?

Муҷассамаҳои калону бузурги ӯ ба андозае зиёданд, ки гӯё қаламрави дини масеҳӣ пайкаразори Исост, аз ҳайкалҳои маъруфи таърихии Микеланҷело дар Италиё то баландтарин пайкараи 10 сол пеш сохташудаи Исо дар Лаҳистон. Пайкараи Исо бар фарози кӯҳу теппа (Рио де Жанейро), болои калисо ( Испонё), дар зери об (Баҳри Миёназамин), пайкараи Исои хонабадӯш (Канада), Исои навзод ( Прага), пайкараи Исои урён (Итолиё)....
Пайкараҳои Исо дар Олами Масеҳият ҷанбаи қадосату парастиш надоранд. Бут барои парастиш нестанд. Дини масеҳӣ бутпарастиро намепазирад ва онро ойини норост медонад. Пайкараҳои Исо бештар ҷанбаи ҳунарӣ дошта, бар иловаи ҷазби гардишгарон, барои мардумро ба ёди дину ба фикри Исо андохтанд, хидмат мекунанд.
 Дар сабабҳои қомат афрохтани пайкараи машҳур ба ҷаҳони Исо дар Рио де Жанейро гуфта шудааст, ки баъди ҷанги якуми ҷаҳонӣ рӯҳониёни масеҳии он диёр бо нигаронӣ аз рушди дингурезӣ идеяи сохтани пайкараи бузурги ҳазрати Масиҳ дар  баландиро пешниҳоди масъулин карданд, то мардумро ба ёди дину ба фикри ойинашон андозад. Аз тарафи дигар ин пайкара ифодагари ҳувийяти масеҳии кишвари Брозил мебошад.
Дар диёри ойини буддоӣ низ ҳайкалҳои муассиси ин дин хеле зиёд аст. Пайкараҳои фаровони Буддо дар ҳар гӯшаву канор дида мешаванд. Ӯ бо ин ки ҳамчун устод ва ислоҳгари ойини ҳиндуӣ дар шарқ зуҳур кард ва худро ҳамчун устоду роҳнамо матраҳ намуд, аммо қаламрави васеъе аз ҳайкалҳояш пур шуд.
Имрӯз яке аз шигифтангезтарин қудратҳои ҳунарии навъи башарро маҳз дар ҳунари нодири ҳайкалтарошони буддоӣ метавон диду мушоҳида кард. Онҳо, кӯҳҳои баланду сахраҳои азимеро ба пайкараҳои шигифтангези Буддо табдил додаанд, ки воқеан аз тамошову диданаш кас ангушт ба даҳон мешавад. Дар воқеъ калонтарин пайкара дар сатҳи ҷаҳон марбут ба ҳайкали Буддо дар Чин бо баландии 128 метр аст.
Пайкараҳои Буддо дар Афғонистон, Тоҷикистон, Сриланка, Непол, Ҳинд, Филиппин, Тайланд, Тайванд то Чину Ҷопон  мавҷуданд. Ҷолиб аст, ки пайкарасозон Буддоро бо табассуми нозуку малиҳе сохтаанд. Вижагии оромбахшӣ ба бинанда ва тамошогараш дорад. Бар хилофи пайкараҳои Исо дар Ҷаҳони Масеҳият, ки бештар чеҳраи ҷиддӣ, ранҷдида ва ғамгин доранд. Хоссатан пайкараҳои Исои мехкубшуда дар салиб. Хеле риққатоваранд.
Бар хилофи ойини Исо, дар дини Буддо пайкараҳояш барои пайравонаш қадосат доранд, ва  ҳайкалҳои Буддо мавриди ниёишу парастиш қарор мегиранд. Бо ин ки Буддо ҳаргиз худро Худо эълом накарда буд, балки ҳамчун як муршид матраҳ буд. Ҳатто маънои номаш ҳам "рӯшангашта" аст. Ингор баъди риёзат кашидан равшание дар дидгоҳу дилаш дарёфт карда буд.
Тандиси Буддо дар Чинnewwaytravel.ru

Тамос бо Паёмбар: ибодативу маънавӣ ё ҳайкаливу суратӣ?

Диёри Ислом, аммо аз пайкараву муҷассамаҳои намояндаи ин ойин яъне Муҳаммад Пайғамбар (с) холист. На дар ҳаёт ва на дар солҳои пас аз сари ӯ, касе барои сохтани ҳайкалу пайкараи Муҳаммад Пайғамбар(с)  ва ё кашидани расму сураташ даст наёзид. Абу Исо Тирмизӣ, муаллифи китоби “ Ашшамоилу-л-Муҳаммадия” аст, ки васфи физикӣ ва ахлоқии Паёмбари исломро дар асоси ривоёти саҳеҳ пешниҳоди хонанда мекунад. Китоби ҷолибу муҳиммест, ки бо ҳиммати Академияи миллии илмҳои ҶТ ба забони тоҷикӣ низ ба чоп расидааст. Дар ин китоб маълумоти ҷолибе роҷеъ ба намуди зоҳири ҳазрати Муҳаммад(с)  дар дастрас аст. Аз қабили ин ки қаддаш на баланд буд на кӯтоҳ, муйҳояш то ними гӯшҳояш буд ва ин ки то дами марг муйи сараш сиёҳ буд....
Дар таълимоти Паёмбар(с)  расму пайкараи ҷондорҳо ноҷоиз аст. Агарчӣ донишмандон мавзеъгирии Ислом дар баробари санъати суратгарӣ ва пайкарасозиро масъалаи ихтилофӣ медонанд ва бо такя бар ояти қуръонӣ, ки ҳикоят аз вуҷуди пайкараҳо дар кохи ҳазрати Сулаймон Паёмбар мекунад, ин дидгоҳро матраҳ мекунанд, ки боке надорад, агар мусулмоне пайкарасозӣ ва наққошӣ кунад. Таълимоти Паёмбар(с) бар мамнуъ будани рассомиву пайкарасозиро бар бими табдил шудани он бар буту эҷоди ширк ҳамл мекунанд. Агар чунин биме набуд, рассомиву ҳайкалтарошӣ низ боке надорад.
Набуди ҳайкалу сурати Паёмбар(с)  шояд ба ин хотир ҳам буда бошад, ки тамоси пайравонаш бо ӯ тамоси маънавӣ ва ибодатӣ бошад на суративу ҳайкалӣ.
Тандиси Исо дар Рио де Женейрои Брозилgeographyofrussia.com
Ва дигар нукта ҳам хеле ҷолиб аст. Набуди сурату пайкараи Муҳаммад Паёмбар(с) боис мешавад, ки ҳич касе “карикатура”-и ӯро кашида натавонад. Рассомони корикотур, мутахассисони айбёбӣ дар ҷисму бадан, аксу сурат, ҳайкалу пайкара ҳастанд. Он айби физикӣ ё беруниро ёфта, сипас корикатур мекашанд. Ҳамон узви зоҳирии айбдорро калон ё хурд мекунанд ва дигар аъзоро ҳам мутаносибан калону хурд. Барои мисол агар як кас бинии хурд дошта бошад, онро карикатурист хурдтар мекашад ва боқӣ аъзои баданашро калон, мешавад карикатура.
Ҳоло аз Муҳаммад Паёмбар(с) аксу сурате, ҳайкалу пайкарае дар ҳич ҷо нест. Ва лозимаи карикатура мавҷудияти онҳост. Ё вуҷуди физикӣ, ё вуҷуди сурату ҳайкал. Вақте ҳич яки инҳо набуд, пас карикатурае низ вуҷуд дошта наметавонад. Ин ҳама агар мо шаклу намуди зебову беайбаш - чуноне дар осори ба мо расидаастро-ба инобат нагирем.
Карикатуристҳои аврупоӣ аз хаёли худ чанд карикатурае кашида баъд навиштаанд, ки ин - хокам ба даҳан - карикатураи Муҳаммад(с)  аст. Агар он ҷумлаи навиштаро пок карда он аксҳоро дар ҳамаи дунё намоиш медоданд, ҳич кас намедонист карикатураи кист, ҳич касе аҳамият намедод ва ҳич сару садое ҳам барнамехост. Вале барои мисоли агар карикатураи Ҳитлер, Столин, Эмануел Макрон ё ягон чеҳраи дигари машҳур дар дунёро барои мисол карикатура карда, нашр кунанд бидуни навиштани ному муаррифӣ, ҳама медонанд, ки карикатураи кист?
Дар ҳадафи пайкарасозӣ ин масъала зикр мешавад, ки мақсад аз он дар ёдҳо мондану фаромӯш нашудан аст. Муҳаммад Паёмбар(с) аммо зикру ёдаш дар умқи ҷону мағзи дили пайравонаш зинда аст. Ӯро шоирону аҳли сухан ба андозае сурудаанду сутудаанд, ки шояд ҳич чеҳраи дигарро чунин тавсиф накарда бошанд. Бархе аз қасидаҳо дар васфи ӯ ба андозае бо ихлосу бо баракатанд, ки дар равондармонии мусулмонҳо аз он кор гирифта шудаасту мешавад.
Мусулмонҳо номи Паёмбарро ҳамвора гиромӣ дошта бар писарони худ ниҳодаанд. Дар кишварҳои ҷануб шарқи Осиё, номҳои мураккаб хеле ривоҷ дошта, як тарафаш ҳатман Муҳаммад аст: Муҳаммадҷовид, Муҳаммадакабар, Муҳаммадумар...........
Имрӯзҳо дар Тоҷикистон номи Муҳаммад хеле ривоҷ дорад. Дар гузашта ҳам чунин буд. Албатта онро бо гӯйишҳои маҳаллӣ мутобиқ мекарданд. Номҳое чун “Мамад”, “Маҳмад”, пасвандҳое чун “Мад”, “Мат”, ки хеле дар номгузориҳои мову ҳамсояҳои мо дида мешаванд, руйида аз номи Муҳаммаданд. Ҳаммаъноҳои ин ном низ: Мустафо, Мухтор, Аҳмад, Маҳмуд, Ҳомид, Ҳамид.....  
Шӯҳрату маҳбубияти ин ном ба андозае дунёгир шудааст, ки хабарсоз шудааст. Майкл Ҳарт, муаллифи китоби “100 шахсияти таъсиргузори таърих” 1978, Муҳаммад Паёмбарро чеҳраи машҳури таъсиргузори рақами 1-и таърихи башар донистааст.  Мутобиқи иттилоъи расонаҳо дар соли 2016 машҳуртарин номи навзод дар Англия “Муҳаммад” буд. Дар он сол “7361” кӯдак ин номро гирифтанд.
Ҷойи дигаре, ки ҳунармандони мусулмон бо ному ёди паёмбарашон ишқбозӣ ва ҳунарварзӣ намудаанд, ҳунари хаттотӣ ва каллигрофӣ аст. Ин ном бар деворнавиштаҳои зиёде ба намудҳои гуногуни хатҳои арабӣ ва форсӣ хаттотӣ ва ҳаккокӣ шудааст, ки тиккае аз ҳунари нодир ва асаре бас арзишманд аст. Хулоса Муҳаммад Паёмбар(с) бидуни аксу сурат, бидуни ҳайкалу пайкара, дар паҳлуи номи Худо дар калимаи шаҳодат, дар ибораҳои азони масоҷид, дар номи атфол, дар шеъри шоирон, дар ҳунари хаттотону хушнависон, дар таҳқиқи муҳаққиқон, дар ҳунари синамогарон, дар санъати мутрибону нашидхонон... хулоса ба ҳар далеле ин ном дар ҷаҳон ба ҳар тараф аст. Ин ҳама якҷо мешаванд то тафсиру шарҳи ин ояти қуръонӣ бошанд, ки: “Ва эй Муҳаммад мо ному ёди туро рифъату баландӣ бахшидем - ва рафаъно лака зикрак 94:4”.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.