расонаи иттилии - Ориён » . » Муҳоҷир » ЗАНОЗАНӢ ВА ТИРПАРРОНӢ БАЙНИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИКУ ОЗАРӢ ДАР БОЗОРИ “АПРАШКА” ДАР ПЕТЕРБУРГ (2 ВИДЕО)

. / Муҳоҷир

ЗАНОЗАНӢ ВА ТИРПАРРОНӢ БАЙНИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИКУ ОЗАРӢ ДАР БОЗОРИ “АПРАШКА” ДАР ПЕТЕРБУРГ (2 ВИДЕО)

Соати панҷи субҳи барвақти 20 октябр, дар бозори «Апраксин Двор», маъруф ба «Апрашка», дар шаҳри Санкт-Петербург байни савдогарон аз Қафқоз ва Осиё Марказӣ муноқишаи гуруҳӣ ва тирпарронӣ сурат гирифтааст.
Дар натиҷаи муноқиша, як марди 52-солаи зодаи Озарбойҷон, ки шаҳрвандии Русия доштааст, аз рони рост ва ноҳияи гӯшаш тир хӯрда, дар бемористони Мариинская бистарӣ карда шудааст. Бар асоси натиҷаҳои ташхис, ин мард ҳамчунин аз қафаси сина зарб хӯрда, мағзи сараш низ аз дарун осеб дидааст. Табибон вазъи ӯро миёнаи вазнин арзёбӣ мекунанд.

Кормандони пулис дар ҷои ҳодиса 16 нафарро дастгир кардаанд. Аз ҷумла 9 шаҳрванди Тоҷикистон, 3 шаҳрванди Русия – зодагони Қафқоз, ду шаҳрванди Озарбойҷон, як шаҳрванди Покистон ва як шаҳрванди Афғонистон ба идораи пулис бурда шудаанд.
Ба гуфтаи манобеъ аз мақомоти ҳифзи ҳифзи ҳуқуқи Санкт-Петербург, савдогарон аз Осиёи Марказӣ ва Қафқоз дар бозори «Апрашка» барои ворид кардани бори худ ба бозор ба ҷони ҳам дарафтодаанд. Ҳар кадом аз тарафҳои ҷанҷол мехост аввал мошини ӯ ба бозор дарояд.

Дар бозори «Апраксин Двор», маъруф ба «Апрашка» садҳо муҳоҷир аз Қафқоз ва Осиёи Марказӣ, аз ҷумла зодагони Тоҷикистон кор мекунанд.
Ин нахустин муноқишаи байни муҳоҷирон дар ин бозор нест.
Рӯзи 30 майи соли ҷорӣ дар пайи як муноқишаи гуруҳӣ бо истифода аз корд дар бозори «Апрашка» 6 нафар, аз ҷумла се шаҳрванди Тоҷикистон, як зодаи Ӯзбекистон ва як шаҳрванди Афғонистон дастгир шуданд. Ҳамин тавр, моҳи сентябри соли 2019 дар пайи чунин як занозании гуруҳӣ дар бозори «Апрашка» 20 нафар, аксаран шаҳрвандони Тоҷикистон дастгир шуда, 14 нафари онҳоро аз Русия ихроҷ карданд.

«Апраксин двор» - бузургтарин маркази савдои Петербург буда, дар 14 гектар замин дар байни кӯчаҳои Садовоя, Ломоносов, соҳили Фонтанка ва тангкӯчаи Апраксин ҷойгир шудааст. Ин бозор бозори таърихӣ буда, ёдгории меъмории аҳамияташ минтақавӣ эътироф шудааст.


Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.