расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » МАРКАЗИ ТОҶИКОН: 7 МУРДАИ ТОҶИК ДАР ЯК РӮЗ! ТАНҲО ДАР МАСКАВ ВА АТРОФИ ОН (ВИДЕО)

Ҷомеа / Муҳоҷир

МАРКАЗИ ТОҶИКОН: 7 МУРДАИ ТОҶИК ДАР ЯК РӮЗ! ТАНҲО ДАР МАСКАВ ВА АТРОФИ ОН (ВИДЕО)

Иззат Амон, раиси "Маркази тоҷикон” дар Маскав хабар дод, ки танҳо рӯзи 7 октябр ва танҳо дар шаҳри Маскав ва атрофи он 7 муҳоҷири тоҷик, аз ҷумла як нафар аз коронавирус, вафот кардаанд. Иззат Амон гуфт, ин нахустин тоҷики қурбонии мавҷи нави коронавирус дар Маскав аст. "Ҳамагӣ ҷавонҳои аз 20 то 35 сола. Дидани марги ҳамватан корест басо мушкил. Зиндагӣ бароям беранг гашта. Ҳамеша ҳавли маргро ҳис менамоям. Азбас бо марг наздик будам. Ба зудӣ дафтари "Маркази тоҷиконро" хоҳам баст. Дигар тобу тавон надорам...” – навиштааст Иззат Амон дар саҳифааш дар Фейсбук.
Дар видеои нашркардаи Иззат Амон, як намояндаи "Маркази тоҷикон” мегӯяд, соати 11 мурдаи як ҷавони тоҷики 24-соларо аз мурдахонаи назди истогоҳи метрои "Бауманский” гирифта, ба Ватан равон карданд. "Шоми 7 октябр, соатҳои 6 хабар омад, ки боз як ҳамватани мо, зодаи ноҳияи Ҷомӣ Қаҳҳоров Раҳимҷон, соли таваллудаш 1971 дар роҳ ба бемористони Марино ҷон додааст”, - хабар медиҳад намояндаи "Маркази тоҷикон” ва меафзояд, ки "ҳар рӯз ҳол ҳамин аст, ҳар рӯз чанд мурдаи тоҷик...”
Дар видео турбати ин муҳоҷири тоҷикро нишон медиҳанд, ки дар дохили мошин аст. Як гуруҳи муҳоҷирони тоҷик дар даври мошин ҷамъ омада, мунтазири мошини махсусе буданд, ки ҷасади Раҳимҷон Қаҳҳоровро ба морг бубарад...
Дар як видеои дигар дар саҳифаи Иззат Амон лаҳзаи аз мошини дучори садама шуда берун кашидани як ҷавони тоҷики сару рӯяшро пурхунро нишон медиҳанд.
Бино ба ҳисобҳо, ҳар сол дар Русия беш аз 1000 нафар аз муҳоҷирони тоҷик ба иллатҳои гуногун дар Русия дар мулки мусофират вафот мекунанд. Интизор меравад, ки имсол ин рақам ба далели коронавирус боз ҳам бештар шавад...
Izzat Amon
Аввалин марг аз куруно дар шуюъи мавҷи дуввуми вируси фарогир.
Ҳамин рӯз танҳо дар Маскав ва навоҳии он мо ҳафт нафар ҷаноза доштем. Ҳамагӣ ҷавонҳои аз 20 то 35 сола.
Дидани марги ҳамватан корест басо мушкил. Зиндагӣ бароям беранг гашта. Ҳамеша ҳавли маргро ҳис менамоям. Азбас бо марг наздик будам.
Ба зудӣ дафтари "Маркази тоҷиконро" хоҳам баст. Дигар тобу тавон надорам...


 

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.