расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » МАДИНА ШАРИПОВА: 15 СОЛА ШАВҲАР КАРДАМ…

. / Ҷомеа

МАДИНА ШАРИПОВА: 15 СОЛА ШАВҲАР КАРДАМ…


 Чаро ноболиғи 15 сола арӯсӣ карду касе аз мақомоти маҳаллӣ хабар надошт? Ку кумитаи занҳо, шӯрои бонувон, шӯъбаи кор бо ноболиғон, ки муваззаф аст аз ҳуқуқи кӯдаки ноболиғ ҳимоят кунад? Ҳамакнун он нафароне, ки дидаву дониста ин ноболиғро ба мактаб ҷалб накарданд, ҷавоб медода бошанд? Акнун ин кӯдак, ки ҳаёташро аз бетаваҷӯҳӣ ва бемасъулиятӣ сӯхтанд, ба ояндаи худ чӣ гуна назар хоҳад кард? Ояндаи ин духтар дар дасти кист? Кӣ кафолат медиҳад, ки ин духтар дар оянда сабукпо гаштаву макони кораш шафати кӯчаҳо намешавад? 
 28.09.2020. Соат бо вақти Душанбе 10:10 дақиқа. Ба идораи редаксияи газетаи мардумии «СССР» Мадина Шарипова, 1 духтараки 15 сола, сокини маҳаллаи Автобазаи №2-и поселкаи «Рассвет»-и ноҳияи Хуросон меҳмон шуд. Падару модари Мадина беш аз 10 сол аст, ки аз ҳам ҷудо гашта, падар айни замон ба ҳайси посбон дар яке аз идораҳои ш.Ҳисор кор мекунад. Қиссае, ки Мадина бароямон нақл кард, воқеан ҳам даҳшатовар аст, алалхусус дар ин рӯзҳои ахир, ки таҷовуз ба номуси ноболиғон афзуда, сӯиқасд ба куштор низ байни занону духтарон ба маротиб зиёд шудааст. Мавсуф танҳо ба газетаи «СССР» эътимод дошта, онро ягона роҳи расонидани садояш ба мақомот ва ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкори асосӣ мешуморад.
Кӯдакии барбодрафта…
Мадина Шарипова соли 2005 ба дунё омада, рӯзе ба мактаб нарафтааст. Моҳи ноябри соли равон синни 16-солагиро пур мекунад, вале ҳоло ӯ на хонда метавонаду на навишта. Аз таҳсил дур монданашро дар бетаваҷҷӯҳии модар мебинад, зеро падар алакай рафтаву тамоми масъулият бар дӯши модар монда буду ӯ низ нишастан дар хонаро барои духтараш аз сарфу харҷи мактаб авлотар донистааст. Модар худро ба ҳар кор мезаду духтарон дар хона дур аз таҳсил ба воя расиданд.
Арӯс 15 солаву домод 33…
Шаҳоб Б., ҳамсояи оилаи Мадина аз дер боз ӯро зери назар гирифта, гоҳе ҷангу даъво мекард ва гоҳе ба қавле гапи хуб мепартофт. Боре ӯро дар паси девор интизор шуда, ба хонааш дароварда, даст заданӣ мешавад, духтар бо сарулибоси дарида аз тиреза фирор мекунад. Пас аз ин Шаҳоб барои ба занӣ гирифтани Мадина ба назди модараш одам мефиристад, модар ба баҳонаи синусоли хурд будани духтараш ба ин издивоҷ розӣ намешавад. Дафаи дигар Шаҳоб Мадинаро бо фиреб ба хонааш дароварда даст ба таҷовуз мезанад ва бо ҳамин духтар маҷбур мешавад ба хотири нангу номуси оилавӣ дар хонаи ба ном шавҳараш бимонад. Маросими никоҳро бошад домод пас аз 4 моҳи ҳамзистӣ анҷом дода, баъди он маълум мешавад, ки Шаҳоб пеш аз Мадина боз 3 зани дигар дошта, ҳоло ҳар яке бо навбат ба хотири алименти кӯдакон ариза навишта, дар такудаванд.
Аз хушунат то Прокуратура
Чанд моҳе, ки Мадинаи ноболиғ дар хонаи шавҳараш мезист, рӯзи хуше надошт. Шаҳоб қариб ҳар рӯз ӯро мавриди латукӯб қарор дода, пайваста пеш мекарду дашномҳои қабеҳ медод. Духтар ба ин тоқат наоварда, ба хонаи модар баргашта, пасон ба Прокуратура н.Хуросон шикоят мекунад. Ин духтари ноболиғ мегӯяд, ки аз дар кадом ҳолат қарор гирифтани аризааш хабар надорад ва тахмин мезанад, ки шояд Шаҳоб Б., ки дар ноҳия нуфуз дошта, бо кормандони мақомоти қудратӣ дӯстӣ дорад, аз ҷавобгарӣ бо пардохти ҷаримаи ночиз озод шавад.
Шояд ин тавр шавад, аммо ба ҳаёти сухтаи 1 духтари ноболиғи тоҷик кӣ ҷавоб хоҳад дод? Чаро ноболиғи 15 сола арӯсӣ карду касе аз мақомоти маҳаллӣ хабар надошт? Ку кумитаи занҳо, шӯрои бонувон, шӯъбаи кор бо ноболиғон, ки муваззаф аст аз ҳуқуқи кӯдаки ноболиғ ҳимоят кунад? Ҳамакнун он нафароне, ки дидаву дониста ин ноболиғро ба мактаб ҷалб накарданд, ҷавоб медода бошанд? Акнун ин кӯдак, ки ҳаёташро аз бетаваҷӯҳӣ ва бемасъулиятӣ сӯхтанд, ба ояндаи худ чӣ гуна назар хоҳад кард? Ояндаи ин духтар дар дасти кист? Ба ин суолҳо масъулони дар боло зикрёфта бояд ҷавоб гӯянд, зеро онҳо ҳам гунаҳкоранд!
 
Нигоштаи Ҷамила Ҳусейнова, СССР
(рақами телефони хонаводаи Мадина Шарипова дар идора маҳфуз аст)

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.