Сокинони пойтахт аз тахриби хонаҳояшон шикоят мекунанд
Ҳарчанд онҳо то ҳол дар бораи шартҳои фурӯши хонаҳои худ созиш ҳосил накардаанд.
Сурат: кадр аз навори видеоБа ҷойи хонаҳои истиқоматии дуошёна воқеъ дар кӯчаи Турсунзодаи шаҳри Душанбе манзилҳои баланди то 25 ошёна сохта мешавад. Муҳлатҳо хеле кӯтоҳ буда, иншоотро ҷиҳати ба истифода додан ба мунсибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ омода мекунанд.
Дар ин мавридҳо баъзан манфиатҳои сокинони ин манзилҳоро нодида мегиранд. Моликони яке аз ин хонаҳо шикоят доранд, ки тахриби қисмате аз бино оғоз гардидааст, ҳарчанд онҳо ҳоло дар бораи шартҳои фурӯши манзилҳои худ ба мувофиқа нарасидаанд.