расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » “Пранк”-ҳои зиддиахлоқии блогерони тоҷик

. / Ҷомеа

“Пранк”-ҳои зиддиахлоқии блогерони тоҷик


7290

Илму техника рӯз аз рӯз рушд мекунад. Ба инсон ин рушд сабукӣ меорад, аммо дар баробари хубии худ боз чандин зуҳуротеро низ ба вуҷуд овардааст, ки инсонро ё зери чоҳ мекунад, ё ин ки аз он берун. Вале ин ҳам аз худи инсон вобастагии зич дорад. Агар хоҳем зери чоҳ меравем, агар не аз он берун моем. Ин торикию равшаниро мо ба шабакаи “YouTube” шабеҳ додем. “YouTube”-ро метавон ҳоли ҳозир дар симои чанде аз блогерон торикии маънавиёт ном бурд. Зиёд намегӯем, танҳо чанде аз ногуфтаҳоро ёдовар мешавем, ки роҷеъ ба маънавиёту фарҳанг ва хулқу рафтори инсонист.


ОЗОДӢ НИЗ МАРЗ ДОРАД

Моддаи 30-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: “Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад. Таблиғот ва ташвиқоте, ки бадбинӣ ва хусумати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забониро бармеангезанд, манъ аст. Сензураи давлатӣ ва таъқиб барои танқид манъ аст. Номгӯи маълумотҳоеро, ки сирри давлатӣ доранд, қонун муайян мекунад”.
Мувофиқи моддаи 30-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон метавон гуфт, ки ҳамагон озодона метавонанд, фаъолият намоянду аз воситаҳои ахбори омма истифода баранд. Аммо ин маънии онро надорад, ки ҳар чи ки хоҳем, дар сомонаҳои интернетӣ паҳн кунем. Зеро озодии сухан ҳам як чаҳорчӯбаи муйяншуда мехоҳад ва дорои марзи ба худ хос мебошад, ки аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфтааст.

Моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба майдаавбошӣ равона гардидааст, барои дар ҷойҳои ҷамъиятӣ дашном додан, ба таври таҳқиромез дарафтодан ба одамон, ҳамчунин содир намудани дигар кирдорҳои ба ин монанд, ки тартиботи ҷамъиятӣ ва осудагии одамонро халалдор мекунад, ба андозаи аз ҳафт то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати аз панҷ то понздаҳ шабонарӯз ҷазо таъйин карда мешавад.

Чанд вақти охир онҳое, ки ҳамчун блогер дар шабакаи “YouTube” ба паҳн кардани ҳар гуна навор, аз қабили “пранк” ва дигар барномаҳои муаллифӣ машғуланд ва тартиботи муқаррарнамудаи моддаи 460-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмуриро вайрон мекунанд, ҷарима ё ба ҳабси маъмурӣ гирифта мешаванд. Аммо ба ин ҳама нигоҳ накарда, боз ҳам чунин корҳои ғайриахлоқӣ аз ҷониби баъзе нафарон ба назар мерасад.

Ин ҳама ба чӣ хотир аст? Маблағи бедарди миён мехоҳанд!? Барои ин гурӯҳи блогерон мафҳуми фарҳанг, маданият, забон, инчунин одобу ахлоқ ва ҳаёи шарқиёна ношинос аст. Ин ҳам як тарафи масъала бошад, тарафи дигараш ин ба ҳолати равонии дигарон расидан аст. Ҷиҳати дигари аз ин ҳам бадтари масъала дар он аст, ки имрӯз духтарони тоҷик низ ҳамчун блогер дар шабакаи “YouTube” ба дағалгуфторӣ машғуланд. Бештари чунин нафарон ҷавононанд. Ҷавонон, ки неруи созанда ва ояндаи миллатанд, бояд сари ин масъала, ки фарҳанги моро доғдор мекунад, хубтар биандешем. Зеро он оқибатҳои нохушро дар пай дорад.

Барои омӯзиши масъалаи мазкур мо сайре дар шабакаи “YouTube” намудем. Метавон вобаста ба ин мавзӯъ садҳо мисол овард. Масалан, дар канал наворе бо номи “Челлендж-стоп#2 раунд 2 Сабрина атвети жоски ба антошка”, нигаронкунанда аст. Дар наворҳои мазкур дида мешавад, ки ноболиғро “арӯси замонавӣ” карда, обруву эътибори ӯро нодида мегиранд. Ҳарчанд ки онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои худро гирифтанд, аммо баъди иҷрои ҷазо боз ҳам навори гузоштаашон, ки ба шаъну шарафи ноболиғ марбут аст, ҳамон гуна дар шабакаи “YouTube”-и боқӣ мондааст. Мутаассифона, чунин блогерон хеле зиёданд, ки ба қавле ба “пранк”-у сабти барномаашон машғуланд. Нафари дигареро низ метавон мисол овард, ки номаш Ҷонон аст. Ин нафар дар канали “YouTube”- и бо номи “Шармандагӣ! Алоқаи Шайх ва Савик Аник шуд!” навореро нашр намудааст, ки пурра ба меъёрҳои ахлоқии мо мухолифат мекунад. Дар ин навор дида мешавад, ки Ҷонон бо “Шайх”-и тоҷик суҳбат карда, чунон дашномҳое медиҳад, ки забон аз гуфтани он лол мемонад.

НАЗОРАТИ БЛОГЕРОН

Сироҷиддин Шукуров, сардори маркази матбуотии Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе мегӯяд, ки вақтҳои охир тибқи мушоҳидаҳо дар шабакаҳои маҷозӣ, махсусан контенти тоҷикии “YouTube” баъзе ҷавонон бо ном “блогер”- ҳо пайдо шудаанд, ки баъзе наворҳои паҳнкардаи онҳо ба фарҳангу маданияти мо ва қонунҳои амалкунанда мутобиқат намекунад. Аз ин лиҳоз, аз ҷониби кормандони Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ҷиҳати танзими чунин наворҳо, ки талаботҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон мекунанд, чораҳои дахлдори қонунӣ андешида мешавад.

- Дар “YouTube” баъзе аз блогерон танҳо ба хотири ба даст овардани маблағ, зиёд намудани муштарии худ, инчунин зиёд кардани шумораи тамошобинон чунин наворҳои таҳқиромез ва пучу бемаъниро нашр мекунанд, ки воқеан боиси нигаронӣ ва бар хилофи манфиатҳои миллӣ, инчунин арзишҳои волои инсонӣ мебошад,- дар идома илова намуд Сироҷиддин Шукуров.
Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе вобаста ба ин гуна амалҳои блогерон, ки наворҳои пур аз дашном, ҳамчунин паст задани як нафарро дар сомонаҳои интернетӣ, аз он ҷумла дар канали “YouTube” паҳн мекунанд, гурӯҳҳои корӣ тартиб дода, дар ин самт назоратро пурзӯр гардонида истодаанд. Тибқи иттилои маркази матбуотии раёсати мазкур танҳо дар ду ҳафтаи сипаришуда, як зумра блогерон, ки “пранк” паҳн кардаанд, аз ҷониби Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе боздошт шудаанд. Нисбати ин нафарон тибқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷазо дар шакли маҳрум намудан аз озодӣ ба муҳлати аз 5 то 7 шабонарӯз пешбинӣ шудааст.

ТАЪСИРИ “YOUTUBE” БА МАЪНАВИЁТ

Бадбахтона, наврасону ҷаво-нони мо вақти пурқиммати худро сарфи тамошои чунин наворҳои бемаънӣ мекунанд. Аммо бо вуҷуди ин таваҷҷуҳи наврасону ҷавонон ба шабакаи “YouTube” зиёд асту онҳо наворҳои худро аз ин ҷо тамошо мекунанд. Дар сурате, ки теъдоди зиёди наворҳои дар ин сомонаҳо сайркунанда дорои алфози қабеҳ ва ғайриинсониянд, онҳо ба худ ғайр аз ду дашном чизи дигаре ёд намегиранд.

Ба гуфти ҷомеашиносон имрӯз “YouTube” ба маънавиёти мо таъсири манфии худро расонида истодааст, ки зуҳури онро мо дар ахлоқи наврасон бараъло мушоҳида мекунем.

Миров Фирӯз, ҷомеашиноси тоҷик ба он назар аст, ки торафт наврасону ҷавонон ба блогерҳо таваҷҷуҳ менамоянд ва онҳо фикр мекунанд, ки телевизион ва дигар воситаҳои анъанавии ахбор ба онҳо ягон чизи шавқоварро пешниҳод карда наметавонанд. Ӯ мегӯяд: “Мутаассифона, имрӯз аксарияти видеоблогерҳои мо дар сатҳи касбӣ қарор надоранд. Маданияти баъзеи онҳо дар сатҳи хело паст қарор дорад ва барои лайк гирифтан аз таҳқиру дашном ва ҳатто қонунвайронкунӣ рӯ намегардонанд, ҳар гуна наворҳои ба ахлоқи ҷомеаи анъанавии мо бегонаро дар каналҳои худ ҷой медиҳанд. Онҳо аз ҳар сарчашмаҳо ахборро дастрас карда, бо хости худ тағйиру иловаҳо намуда, бо шарҳи худ паҳн мекунанд. Ё ин ки худ наворҳои дорои маънавиёти пастро дар каналашон ҷой медиҳанд. Видеоблогерон ба қавле кори журналистонро иҷро мекунанд, аммо аз одоби касбии журналистӣ дуранд”.

Инчунин ин ҷомеашинос дар идома афзуд: “Албатта, ин гуна наворҳои видеоии пур аз таҳқиру пастзанӣ ва дашном ба тафаккури наврасону ҷавонон таъсири манфӣ мерасонад. Насли наврас ҳанӯз ба моҳияти бештари ҳодисаҳо дуруст сарфаҳм намеравад, онҳо дар зинаи ташаккулёбианд. Аз ин рӯ, аудиторияи асосии видеоблогҳо, ки онҳоянд, хоҳ нохоҳ зери таъсири ин гуна наворҳои видеоӣ мемонанд. Махсусан, алфози қабеҳро меомӯзанд, баъзе амалҳои дар ин видеоблогҳо намоишдодашударо такрор кардан мехоҳанд”.

ЧӢ БОЯД КАРД?

Дар Тоҷикистон кори блогерӣ то ҳадде рушд накардааст, ки мо аз он манфиат гирем, танҳо худи блогерон бо соҳиби маблағ шудан, ба ҷавонон ҳар гуна алфози қабеҳро талқин мекунанд, ки ин ҳатман ба одобу ахлоқи онҳо бетаъсир буда наметавонад. Ба гуфти ҳолдонҳо ҳоло блогерони мо маданият ва фарҳанги истифодаи “YouTube”-ро надоранд.

Ҷомеашинос Фирӯз Миров бар он ақида аст, ки вазорату идораҳои дахлдор бояд барои видеоблогерҳо семинару тренингҳо ташкил кунанд, ба семинарҳо журналистони варзида ва видеоблогерҳои машҳури ватанию хориҷиро даъват кунанд, то ин ки корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронанд.

Ҳамчунин Ф. Миров афзуд, видеоблогерҳое низ ҳастанд, ки ахбороти барои ҷавонону наврасон манфиатбахш ва хусусияти иҷтимоию тарбиявидоштаро паҳн менамоянд.

- Дар телевизион силсила-барномаҳои махсуси ба маданияти пешбурди кори видеоблогерӣ бахшидашуда ба роҳ монда шавад. Дар ин барномаҳо видеоблогерҳои машҳури Тоҷикистон даъват карда шуда, аз онҳо мусоҳиба гиранд. Видеоҳои хусусияти ватандӯстӣ, тарбиявӣ ва омӯзишӣ доштаи видеоблогерҳои Тоҷикистон дар телевизион намоиш дода шавад. Ҳамчунин таъкид кардан бамаврид аст, ки пеши роҳи фаъолияти видеоблогериро гирифта намешавад, он ба як намуди медиа ва воқеияти имрӯза табдил ёфтааст. Аз ин сабаб, бояд мақомоти дахлдор бо видеоблогерҳои Тоҷикистон корҳои фаҳмондадиҳӣ, тарбиявӣ, пешгирӣ ва рушди маданияти пешаи видеоблогериро ба роҳ монанд, - илова намуд Фирӯз Миров.

Дар охир метавон гуфт, ки назорати хуби шабакаи “YouTube” ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ин самт метавонад, фаъолияти он нафаронеро, ки дар шабакаҳо ба омодаву паҳни ҳар гуна навор машғуланд, ба танзим дарорад. Вагарна дар сурати ғайр косташавии ахлоқ миёни ҷавонон рӯз то рӯз шадидтар мегардад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.