расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Низоми идоракунии давлатии Тоҷикистон ва нақши «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030» дар таҳкими он

. / Ҷомеа

Низоми идоракунии давлатии Тоҷикистон ва нақши «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030» дар таҳкими он

 Гузаштан ба низоми нави муносибатҳои ҷамъиятӣ барои Тоҷикистони шӯравӣ бо имтиҳони сангин  рӯ ба рӯ гардид:  дар мамлакат низои сиёсӣ ба вуҷуд омад, ки марҳилаи гузаришро боз ҳам мураккаб гардонид. Баробари хотима додан ба низои сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми сиёсӣ бунёд гардида, марҳила ба марҳила такмил ва инкишоф ёфт. Муваффақияти ин амал аз идоракунии дуруст вобаста аст.. Дар ин самт мактаби сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи муҳими таърихӣ дошта, онро метавон механизми таҳрикдиҳандаи рушд дар замони соҳибистиқлолӣ ва тақвиятбахшандаи пояҳои истиқлолияти давлатӣ номид.

Чунин ибрози назар намудааст ноиби ректор оид ба илм ва инноватсияи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Амид КОМИЛБЕК зимни як нигориши худ, ки ба АМИТ «Ховар» ирсол доштааст.
Дар шароити муосир давлат ҳамчун институти сиёсӣ дар низоми сиёсии ҷомеа баҳри рушду тараққиёти ҳаёти шарвандон нақши меҳварӣ дорад. Институти давлат дар масири таърих вобаста ба шароити замон такмил ёфта, низоми идоракунии он ба сатҳу сифати нав баромадааст. Таърихи идоракунии давлатӣ дар таҷрибаи ҷаҳонӣ ғанӣ буда, марҳилаҳои зиёди инкишофро паси сар намудааст. Дар баробари иҷрои дигар вазифаҳои асосӣ рушди ҳаёти иқтисодӣ дар маркази диққати давлат буда, барои расидан ба он пайваста роҳҳои самаранок ҷустуҷӯ менамояд. Рушди босуботи иқтисодӣ ва дигар соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ аз низоми идоракунии давлатии самарабахш вобаста аст. Натиҷаи таҳия ва татбиқи стратегия ва барномаҳои дурусти давлатӣ аст, ки дар ҷаҳони муосир бархе давлатҳо бо суръати кайҳонӣ рушд карда истодаанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар солҳои 90-уми асри XX ба роҳи мустақили давлатдории миллӣ шурӯъ намуд, ки сароғози он як давраи номуайн буда, дар он ҳамчунин ба буҳрони сахти сиёсӣ-иқтисодӣ дучор гардид. Набудани низоми сиёсии мушаххас на фақат хоси давлати мо, балки хоси ҳамаи кишварҳои пасошӯравӣ буд. Яке аз хусусиятҳои асосии оғози давлатдории муосири мо аз дигар кишварҳои пасошӯравӣ аз он иборат мебошад, ки дар баробари бунёд намудани низоми давлатдории муосир, масъалаи аз ҳама муҳим хотима додан ба ҷанги шаҳрвандӣ дар мамлакат маҳсуб мешуд.

Ислоҳоте, ки солҳои 90-уми асри гузашта гузаронида шуд, бори дигар собит намуд, ки дилхоҳ низом аз идоракунии босамар вобастагии калон дорад, аз ҷумла низоми сиёсии ҷомеа. Дигаргуниҳои сиёсии ибтидои солҳои 90-уми асри XX, агар аз як тараф барои кишварҳои собиқ шӯравӣ мустақилият ҳадя намуда бошанд, аз тарафи дигар, онҳо ба як зумра мушкилиҳо дучор гардиданд ва то ҳатто дар баъзеи онҳо буҳрони сахти сиёсӣ-иқтисодӣ ба вуҷуд омад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли се даҳсолаи истиқлоли худ дар баробари хотима додан ба низои дохилии мамлакат, бунёд ва марҳила ба марҳила такмил додани низоми идоракунии давлатӣ ва рушди ҳаёти иқтисодии мамлакат ба як зумра комёбиҳо ноил гардид. Аз таҷрибаи ҷаҳонӣ маълум аст, ки гузаштан аз як низоми муносибатҳои ҷамъиятӣ ба низоми нави муносибатҳои ҷамъиятӣ мураккаб буда, марҳилаи муайян талаб мекунад. Яъне, ҷорӣ гардидани талаботи нави муносибатҳои ҷамъиятӣ дар тамоми соҳаҳои ҷомеа пеш меояд ва барои дар сатҳи умум дарк кардани он шароити таърихӣ зарур аст.

Тақрибаи идоракунӣ давоми давраи сипаришуда нишон медиҳад, ки банақшагирӣ ва пешбинии сиёсати Сарвари давлат муваффақияти идоракунии пайгиронаро таъмин намуда, дуруст муайян намудани афзалиятҳо ба ҳалли мушкилиҳои ҷомеа таъсири калидӣ расонида истодааст.

Низоми идоракунии давлатии Ҷумҳҳурии Тоҷикистон мисли дигар давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ давраи ташаккулро паси сар намуда, ба марҳалаи сифатан нав гузашта истодааст. Пойгоҳи сиёсӣ-ҳуқуқии низоми идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ва такмилу мукаммал гардид. Барои рушди босуботи мамлакат якчанд стратегияву барномаҳо қабул ва амалӣ гардонида шуданд.

Барои гузаштан ба марҳилаи сифатан нави низоми идоракунии давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030» таҳия ва қабул гардид, ки дар он дар баробари пешбинии рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, такмили низоми идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муҳаррики асосии рушди мамлакат мебошад, низ яке аз бандҳои муҳими он ба ҳисоб меравад.

Стратегияи мазкур рушди дарозмуддати Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян намуда, баҳри амалӣ гардидани он тамоми мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ сафарбар шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ иброз  намуданд, ки «татбиқи чорабиниҳои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд».

Дар банди III «Cтратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030» (СМР-2030) «Таҳкимдиҳандаи неруи институтсионалии кишвар» мушкилоти асосии низоми идоракунии давлатӣ, тадбирҳои асосӣ дар соҳаи ислоҳоти низоми идоракунии давлатӣ ва натиҷаҳои чашмдошт, яъне амалӣ сохтани тадбирҳои пешбинишуда дар низоми идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври мушаххас нишон дода шудаанд.

Дар СМР-2030, ки аз ҷониби олимон ва коршиносони ватанӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд таҳия гардидааст, мушкилот ва роҳҳои рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат нишон дода шудаанд. Дар самти низоми идоракунии давлатӣ ва мушкилоти феълии он дар стратегия омадааст, ки «танзими аз меъёр зиёд дар баъзе ҳолатҳо ва дахолати беасоси мақомоти давлатӣ ба фаъолияти хоҷагидорӣ, андозбандии аз меъёр зиёди бахши расмии иқтисодиёт ва заминаи заифи андоз ҷиҳати маблағгузории вазифаҳои давлатӣ дар сатҳи маҳал, зарурати такмилдиҳии механизмҳои танзими андоз ва ҳифзи ҳуқуқ, шакл ва усулҳои банақшагирии стратегию минтақавӣ ва идоракунӣ, тадбирҳои танзими давлатӣ дар соҳаи стандартикунонӣ ва сертификатсия, инкишофи низоми самараноки идоракунии молӣ ва моликияти давлатиро пешакӣ муайян мекунанд. Хусусан, иқтидори нокифояи идоракунии давлатӣ дар сатҳи минтақа ва маҳал баръало дида мешавад. 

Саҳми сатҳҳои мазкур дар рушди иҷтимоию иқтисодӣ бо назардошти урбанизатсия, таҷдиди инфрасохтор ва афзоиши талабот аз ҷониби ҷомеа ҷиҳати хизматрасониҳои иҷтимоии баландсифат ва дастрас афзун хоҳад ёфт. Дараҷаи иқтидор, салоҳият ва равандҳои босифати маъмурӣ дар сатҳи маҳал нисбат ба сатҳи миллӣ хеле ақиб мондааст. Барои фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ механизми таъмини шаффофият суст ба роҳ монда шудааст. Дар доираи вусъат додани механизмҳои ҳамкории давлат, соҳибкорӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ин механизмҳо бештар дар сатҳи миллӣ фаъол мебошанд. Сохторҳои соҳавӣ ва минтақавӣ самаранокии худро нишон намедиҳанд».

Дар самти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла  чунин норасоию мушкилот мушаххас нишон дода шудаанд:
— набудани феҳристи ягонаи вазифаҳои давлатӣ ва стандартҳои пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ, самаранокии нокифояи ташкили пешниҳоди онҳо ва нотамом будани ҷараёни муносибгардонӣ;
— низоми ҳамгироии фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ самаранок набуда, механизмҳои баҳодиҳии самаранокии фаъолияти онҳо дар сатҳи миллӣ ва маҳаллӣ ба таври кофӣ муайян нашудаанд;
— дар сатҳи зарурӣ набудани низоми электронии гардиши ҳуҷҷатҳо байни мақомоти идоракунии давлатӣ ва ҳамкории электронии мақомоти давлатӣ бо шаҳрвандон ва бизнес (соҳибкорӣ);
— ҳамкории нокифояи байни давлат ва соҳибкорӣ, давлат ва шаҳрвандон дар раванди рушди миллӣ, аз ҷумла набудани заминаи машваратӣ барои коммуникатсияҳои ҷорӣ ва таҳияи тавсияҳо оид ба ҳалли масоили стратегӣ.

Масъалаҳои дар СМР-2030 нишондодашуда ҳолати воқеии низоми идоракунии давлатиро инъикос менамоянд ва дар зарфи даҳ соли оянда, яъне то соли 2030 марҳила ба марҳила бартараф карда мешаванд. Вобаста ба мушкилиҳо дар самти идоракунии давлатӣ, ҳамчунин тадбирҳо дар самти ислоҳоти низоми идоракунии давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар стратегия ба таври мушаххас нишон дода шудаанд. Механизми татбиқи онҳо аз ҷониби тамоми мақомоти давлатӣ марҳила ба марҳила таъмин карда мешавад. Яъне низоми идоракунии давлатӣ дар зарфи даҳ соли ояндаи мамлакат бояд самаранокии худро нишон диҳад.

Ислоҳот дар самти низоми идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар стратегия ба таври мушаххас нишон дода шудааст.
  • роҳандозӣ намудани сохтори ташкилӣ ва вазифаҳои идоракунӣ тавассути бартараф кардани пайвандҳои зиёдатӣ, такмилдиҳии равандҳои маъмурӣ ва кам кардани хароҷот;
  • ҷорӣ намудани механизмҳои арзёбии самаранокии фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти марказӣ ва маҳаллӣ;
  • ташаккул додани низоми босамари ҷалби сармоягузориҳо;
  • гузаронидани тафсирҳои мунтазами функсионалии вазорату идораҳо бо мақсади ҷобаҷокунии вазифаҳои минбаъдаи мақомоти идоракунии давлатӣ;
  • иҷрои фаъолияти мақсаднок ва муназзам оид ба такмилдиҳии равандҳои маъмурӣ, тезонидани қабули қарорҳо ва баланд бардоштани самаранокии онҳо, бахусус дар самти ҳамкорӣ бо сармоягузорон, танзим ва назорат, пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ;
  • ҷорӣ намудани усулҳои ба хавфҳо нигаронидашуда дар низоми танзим ва назорат;
  • ташаккул додани унсурҳои зарурии «ҳукумати электронӣ» ҷиҳати татбиқи сиёсати «маълумоти кушода»;
  • такмил додани ҳамоҳангсозӣ дар бахши таҳия ва амалисозии сиёсат байни мақомоти ҳокимияти иҷроия ва сатҳҳои ҳудудии идоракунии давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ;
  • рушди низоми банақшагирии стратегӣ ва такмилдиҳии ҳамоҳангсозии сиёсат дар сатҳи марказӣ ва маҳаллии идоракунии давлатӣ;
  • ба таври васеъ ҷорӣ намудани усулҳои идоракунии лоиҳавӣ;
  • ҷорӣ намудани механизми идоракунии зиддибуҳронӣ ва низоми тадбирҳои идоракунӣ оид ба ташхис, пешгирӣ, безараргардонӣ ва раҳоӣ аз зуҳуроти буҳронӣ;
  • баланд бардоштани нақши усулҳои иқтисодии идоракунӣ, ташаккул додани низоми мукаммал, ки ҷавобгӯи талаботи бозор мебошад;
  • ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва инноватсионии фаъолияти идоракунӣ дар асоси шабакаҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва бо ин мақсад фароҳам овардани шароит барои истифодаи самараноки захираҳои иттилоотӣ дар фаъолияти идоракунии давлатӣ;
  • истифодаи принсипи функсионалӣ ҳангоми ташаккули мақомотҳои давлатӣ, ки ин ба маҳдуд шудани паҳншавии усулҳои соҳавии идоракунӣ имкон медиҳад;
  • аз ҷониби мақомоти давлатӣ гузаронидани маъракаҳои иттилоотӣ оид ба баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва имконоти шаҳрвандон дар масоили дастрасӣ ба маълумот ва хизматрасониҳои давлатӣ;
  • таҳия намудани механизмҳои тақвият бахшидани назорати фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ аз ҷониби ҷомеа ва баланд бардоштани эътимоди шаҳрвандон.

Тадбирҳои ислоҳоти идоракунии давлатӣ аз як ҷиҳат кори мақомоти давлатиро самарабахш менамоянд, аз тарафи дигар, салоҳиятнокии онро пурзӯр менамоянд. Он такрори вазифаҳоро ихтисор менамояд, ки барои бартараф намудани бюрократия ва қоғазбозии иловагӣ замина фароҳам меорад. Ташкили «механизмҳои арзёбии самаранокии фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти марказӣ ва маҳаллӣ», ки имконияти муайян намудани сифати фаъолияти мақомотро нишон медиҳад, саривақтӣ мебошад. Воқеан ҳам мавҷудияти ченакҳои мушаххаси арзёбии самаранокии фаъолият ҳам барои ҷомеа ва ҳам барои мақомоти давлатӣ аҳамияти хосса дорад. Зеро маҳз бо назардошти онҳо ташкил намудани идоракунӣ имконият медиҳад, ки мақсадҳои гузошташуда тезтар ба даст оварда шаванд.

Ҳамчунин ҷорӣ намудани «усулҳои идоракунии лоиҳавӣ» дар сатҳи идоракунии давлатӣ ва идоракунии маҳаллӣ, ки яке аз роҳҳои самарабахши рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти иқтисодӣ дар таҷрибаи идоракунии давлатии кишварҳои мутамаддин аст, яке аз афзалиятҳои ислоҳот ба ҳисоб меравад.

Дар шароити ҷаҳони имрӯза иқтисодиёт хосияти ҷаҳонӣ касб намудааст, яъне дар алоҳидагӣ рушди он хеле мушкил мебошад. Аз ин рӯ, ҷорӣ намудани механизми идоракунии зиддибуҳронӣ ва низоми тадбирҳои идоракунӣ оид ба ташхис, пешгирӣ, безараргардонӣ ва раҳоӣ аз зуҳуроти буҳронӣ низ яке ислоҳоти муҳими стратегия ба ҳисоб меравад. Дар шароити Тоҷикистон, ки аксарияти аҳолӣ дар деҳот зиндагӣ мекунанд, рушди маҳал дар сиёсати давлатӣ яке аз афзалиятҳо ба ҳисоб меравад. Такмил додани ҳамоҳангсозӣ дар бахши таҳия ва амалисозии сиёсат байни мақомоти ҳокимияти иҷроия ва сатҳҳои ҳудудии идоракунии давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ хеле зарур буда, амалишавии он имконият медиҳад, ки худидоракунии маҳаллӣ – ҳамчун институти идоракунӣ мақоми худро сазовор гардад.

Бояд ба назар гирифт, ки худидоракунии маҳаллӣ дар Тоҷикистон ҳамчун сатҳи ҳокимият пазируфта шуда бошад ҳам, як қатор мушкилиҳо вобаста ба таъмини мустақилияти молиявии онҳо мавҷуд мебошанд. Ин ҳолат метавонад ба самаранокии фаъолияти ниҳоди мазкур таъсири манфӣ расонад. Аз ин рӯ, дар доира ва муҳлатҳои муқаррарнамудаи Стратегияи рушд амалӣ намудани чораҳо баҳри таҳкими нақш ва мақоми худидоракунии метавонад беҳтарин василаи ҳалли мушкилӣ бошад.

Таъмини дастрасии шаҳрвандон ба маълумот ва хизматрасонии давлатӣ ва бо иттилооти зарурӣ таъмин намудани онҳо низ аз ислоҳоти муҳим дар самти идоракунии давлатӣ ба ҳисоб меравад. Дар стратегия дар мавриди «гузаронидани маъракаҳои иттилоотӣ оид ба баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва имконоти шаҳрвандон дар масоили дастрасӣ ба маълумот ва хизматрасониҳои давлатӣ» низ гуфта шудааст. 

Маъракаҳои иттилоотӣ бояд хусусияти мақсаднок ва доимӣ дошта бошанд. Таъминоти иттилоотии равандҳои сиёсию идоракунӣ дар ҷомеа имконият медиҳанд, ки дарк ва муносибати ҷомеа ба зуҳуроту ҳодисот, фаъолияти мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори он ба таври мусбат шакл гирад. Зеро заминаи пайдоиши афкори ғаразнок маҳз набудани иттилооти аниқ мебошад.

Дар низоми идоракунии давлатӣ яке аз принсипҳои муҳим- ин боварӣ ва эътимоди шаҳрвандон ба мақомоти давлатӣ мебошад. Дар таҷрибаи идоракунии давлатии кишварҳои мутамаддин ҳолати мазкур нишон медиҳад, ки шаҳрвандон оид ба тамоми масъалаҳо ба мақомоти давлатӣ рӯ меоваранд ва алоқаи зич доранд. Дар ҳолати пайдоиши буҳрони эътимод дар ҷомеа ҳама кӯшишҳо метавонанд бесамар бошанд. Аз ин рӯ, нигоҳ дошта тавонистани эътимоду боварӣ ба субъекти идоракунӣ имконият медиҳад, ки вазифаҳои худро дар сатҳи зарурӣ иҷро намуда, барои ба мақсади ниҳоӣ расонидани ҷомеа устуворона қадам монад.

Ҳамчунин назорати фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ аз ҷониби шаҳрвандон бояд пайваста бошад. Дар ин ҷо бояд зикр кард, ки назорати шаҳрвандон аз фаъолияти ҳокимияти давлатӣ аз сатҳи баланди фарҳанги сиёсии оммаи мардум вобастагӣ дорад. Дар робита ба ин масъла дар стратегия омадааст, ки «таҳия намудани механизмҳои тақвият бахшидани назорати фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ аз ҷониби ҷомеа ва баланд бардоштани эътимоди шаҳрвандон» баланд бардошта шавад. Амалӣ намудани ин вазифа коркарди механизмҳои иловагии ҳуқуқӣ ва ташкилиро тақозо менамояд. Зеро ҷорӣ намудани назорати ҷамъиятӣ метавонад роҳҳои гуногун дошта бошад, аз ҷумла дастаҷамъона ва ё тавассути ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ амалӣ карда шавад.

Ҳамин тариқ, дар замони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон ҳамчун субъекти комилҳуқуқ дар ҷомеаи байналмилалӣ мавқеи худро муайян ва устувор намуда истодааст. Марҳилаи устувории давлат масири буҳрони сиёсӣ, номуайянии низоми идоракунии давлатӣ, мушкилоти иқтисодию иҷтимоии даҳсолаи аввали истиқлолро паси сар намуда, акнун ба марҳилаи бунёд ва рушди босубот ворид гардидааст. Дар ин масир амалинамоии самараноки нишондиҳандаҳои СМР-2030 метавонад ба сифати омили муҳим дар самти такмил ва рушди минбаъдаи низоми идоракунии давлатӣ дар Тоҷикистон баромад намояд. Вобаста ба ин иҷрои ҳатмии нишондодҳо бо инобати хусусият ва имкониятҳои ҳар як марҳилаи рушд зарур мебошад. Муваффақияти кор дар он аст, ки Стратегияи мазкур мушкилиро муайян ва роҳҳои бартараф намудани онро мушаххас намудааст. Аз ин рӯ, иродаи сиёсӣ ва масъулиятшиносии ҳама ҷонибҳои барои татбиқи Стратегияи мазкур масъул зарур ва ҳатмӣ  мебошад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.