расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Садамаи маргбор дар роҳи Душанбе - Варзоб як кушта ва чор захмӣ бар ҷой гузошт

. / Ҷомеа

Садамаи маргбор дар роҳи Душанбе - Варзоб як кушта ва чор захмӣ бар ҷой гузошт

Садама бар асари бархӯрди мошини сабукрав бо як нақлиёти боркаш сар зад

Дар роҳи Душанбе — Варзоб нисфирӯзи 26 январ садамаи маргбори нақлиётӣ сурат гирифт.

Бар хабари КҲФ, мошини боркаши «Mercedes Atego», ки аз самти Душанбе ба Хуҷанд равона буд, ба худрави «Opel Zafira» бархӯрд. Дохили мошини охирон панҷ мусофир қарор доштанд ва онҳо аз марказ ба шаҳри Хуҷанд ҳаракат доштанд.

Манбаъ меафзояд, ба кумаки ронандагону мусофирони ин ду нақлиёт, гурӯҳи наҷотдиҳандагони кумита, ки дар километри 72 — юми ин роҳ навбатдорӣ мекунанд, шитофтанд.

Онҳо мусофиронро аз дохили мошини сабукрав, ки бар асари бархӯрд хароб шуда буд, берун оварданд.

Зикр гардид, ки ба ронанда ва мусофирони ҷароҳатбардошта зуд кумаки аввалияи тиббӣ расонда шуд.

«Мусофире, ки дар паҳлӯи ронанда менишаст, аз ҷароҳатҳои бардошта дар бемористон даргузашт», — омадаст дар хабари кумита.

Феълан, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ин ҳодисаро таҳқиқ мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, КҲФ аз ронандагон дархост намудааст, ки аснои ҳаракат дар роҳҳо қоидаҳои бехатариро қатъиян риоя кунанд.

Сарчашма:​sputnik-tj​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.