расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Нархи карбамид дар Тоҷикистон ду баробар поин рафт.

Асосӣ / Иқтисодиёт

Нархи карбамид дар Тоҷикистон ду баробар поин рафт.

Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Азот” эълон кард, ки нархи карбамид то 3,6 сомонӣ барои 1 кило поин рафт. Қаблан он 7 сомонӣ нарх дошт.
Арзиши 1 халтаи вазнаш 50 килои кабамид 180 сомониро ташкил медиҳад. Соли 2022 як халта карбамид 400 сомонӣ ва дар соли 2023 - 350 сомонӣ арзиш дошт.
Дар ин бора дар сомонаи расмии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар дода мешавад.
Дар Вазорат зикр мекунанд, ки аз ҳисоби истеҳсоли нуриҳои минералӣ дар дохили ҷумҳурӣ, Тоҷикистон воридоти нуриҳоро ба андозаи 12% кам кардааст.
Бино ба маълумоти расмӣ, дар корхонаи “Азот” соли гузашта зиёда аз 36 ҳазор тонна нуриҳои азотӣ ва дар корхонаи кимиёвии “Ёвон” - 1,1 ҳазор тонна нуриҳои фосфорӣ истеҳсол шудааст.
Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, барои пурра таъмин сохтни кишвар  бо ин маҳсулот ба Тоҷикистон ҳудуди 600 ҳазор тонна нуриҳои минералӣ зарур аст. Бо ҳамин сабаб ҷумҳурӣ мисли пешин ба воридот вобаста мебошад.
Ба иттилои Вазорати кишоварзӣ, соли 2023 Тоҷикистон ба маблағи 63 млн доллар 175,5 ҳазор тонна ва соли 2022 - ба маблағи 80 млн доллар 199,2 ҳазор тонна нуриҳои минералӣ харид.
Дар сурати пурра коршоям будани хатҳои технологии корхонаи “Азот” ҳамасола истеҳсоли 123,6 ҳазор тонна аммиак ва 180 ҳазор тонна карбамид имкон дорад. Дар корхонаи “Талко Кемикал” дар Ёвон ҳамасола истеҳсоли то 75 ҳазор тонна маҳсулот ва ба ин васила ноил гардидан қатъи воридоти нуриҳои фосфорӣ пешбинӣ шудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.