расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » АКС АЗ ҶОИ ҲОДИСА: ПЕШГИРӢ АЗ ҚАСДИ ХУДКУШИИ ДУ ҶАВОН ДАР ШАФАТИ ДИДБОНГОҲИ БДА “ЧОРБОҒ”

Ҷомеа / Ҳаводис

АКС АЗ ҶОИ ҲОДИСА: ПЕШГИРӢ АЗ ҚАСДИ ХУДКУШИИ ДУ ҶАВОН ДАР ШАФАТИ ДИДБОНГОҲИ БДА “ЧОРБОҒ”

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки кормандонаш рӯзи 8 июл аз қасди худкушии ду ҷавон дар лаби дарёи Варзоб пешгирӣ кардаанд.
О.Фахриддинзода, корманди маркази матбуоти КҲФ гуфт, субҳи 8 июл як ҷавон аз деҳаи Ҷангалаки ноҳияи Варзоб ва як сокини ҷавони Душанбе, ки яке 26 ва дуюмӣ 20 сол доштаанд, бо қасди худкушӣ ба дарёи Варзоб, минтақаи хиёбони Ҳофизи Шерозӣ (шафати дидбонгоҳи БДА “Чорбоғ”) омадаанд. Аз қасди худкушии онҳо ба Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе навбатдори ШВКД ноҳияи Исмоили Сомонӣ, майори милитсия М.Достизода хабар додааст.
Баъди дарёфти хабар соати 10:25 ҳайати гурўҳи 2-юми Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати КҲФ Душанбе ба ҷои ҳодиса сафарбар карда шуд.
“Лозим омад бо ҷавонон як суҳбати фосилавии равонӣ роҳандозӣ кунанд ва бо ин васила онҳоро аз қасди ба ҷонашон боздоранд. Баъдан онҳоро аз соҳил берун оварда, барои идомаи суҳбат ҷиҳати муайян кардани сабаби қасди худкушиашон ба мақомоти милитсия супурданд”, гуфта мешавад дар иттилоияи КҲФ. Дар акси нашршуда дида мешавад, ки наҷотбахшон ин ду ҷавонро соати 11:47 аз лаби об берун бурдаанд.
Ин ниҳод меафзояд, “мо намедонем чӣ ин ду ҷавонро водор кард, даст ба амали худкушӣ зананд, вале яқинан қасд ба ҷон роҳи ҳалли мушкилот нест. Ҷавонон бояд дар баҳсҳои худ то ба ҳадди ниҳоӣ худро омодаи ҳар кори ношоиста накунанд. Амали худкушӣ оқибатҳои бади равонӣ барои пайвандону хешовандон хоҳад дошт.
Ҳар сол дар Тоҷикистон ҳудуди 600 ҳолати худкушӣ ва қасди худкушӣ сабт мешавад. Мушкилоти зиндагӣ, аз ҷумла мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ ва муноқишаҳои хонаводагӣ, ҳамин тавр, маъюсиву афсӯрдагӣ ва навмедӣ аз сабабҳои умдаи худкушиҳо дар Тоҷикистон ном бурда мешаванд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.