расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ЯКЕ АЗ ШАХСИЯТҲОИ ОБРӮМАНДИ МАСТЧОҲ ҚУРБОНИ КОРОНАВИРУС ШУДААСТ

Ҷомеа / Ҳаводис

ЯКЕ АЗ ШАХСИЯТҲОИ ОБРӮМАНДИ МАСТЧОҲ ҚУРБОНИ КОРОНАВИРУС ШУДААСТ

обилхоҷа Қобиловро як нафари хеле бонуфуз ва обрӯманд дар Мастчоҳ мешиносанд. Аз ӯ 5 фарзанд ба ёдгор монд, ки ҳамааш маълумоти олӣ доранд ва дуяш роҳбарии филиалҳои маҳаллии бонкҳоро ба ӯҳда дошта, якеи дигараш иқтисоддон, якеи дигар ҳуқуқшинос мебошанд ва боз як фарзанди дигараш дар идораи андоз кор мекунад.
Қобилхоҷа Қобилов 10 майи соли 1957 дар шаҳри Душанбе ба дунё омада, мактаби миёнаи №3-ро дар ноҳияи Мастчоҳ ва соли 1978 риштаи  роҳсозии Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис – иқтисодчии соҳаи нақлиёт хатм кардааст.
Фаъолияташро ҳамон сол дар “Селхозтехника”-и ноҳияи Мастчоҳ оғоз карда, дар ин коргоҳ дар вазифаҳои устои таълими истеҳсолӣ, иқтисодчӣ ва муовини сармуҳосиб фаъолият доштааст. Ӯро соли 1985 ба кумитаи ноҳиявии ҳизби коммунист ба кор дахват мекунанд ва ӯ як муддат дар инҷо ва сипас дар мақоми мудири шуъбаи идеологии кумиҷроияи ноҳияи Мастчоҳ кор кардааст. Қобилхоҷа Қобилов солҳои 1991 – 1997 дар вазифаҳои сармутахассиси комиссияи банақшагирӣ, мудири шуъбаи иқтисоди комиҷроияи Шӯрои вакилони халқи ноҳия ифои вазифа карда, сипас то соли 2003 раиси кумитаи идораи амволи давлатии ноҳияи Мастчоҳ буд. Ӯ солҳои 2003 – 2008 ва 2013 соли роҳбари Дастгоҳи раиси ноҳия буд.
Аз соли 2016 то моҳи апрели 2017 сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Мастчоҳ ва сипас то замони ба нафақа баромаданаш дар соли 2020 дар вазифаи мудири бахши рушди иқтисод ва савдо кор карда, пас аз нафақа рафтан роҳбарии Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳро ба дӯш гирифта буд.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон баъди қариб 6 моҳи бо исрор рад кардани ҳолатҳои нави коронавирус дар Тоҷикистон рӯзи 21 июн билохира мавҷи нави ин бемориро дар кишвар тасдиқ кард ва дар 5 рӯзи охир дар бораи беш аз 100 мавриди нави сироят ба коронавирус хабар дод. Вале  ин вазорат  аз аввали соли 2021 то ҳол дар бораи ягон мавриди ҳалокати сокинон аз ин вирус хабар надодааст.
Ин дар ҳолест, ки сокинон дар бораи марги мармузи даҳҳо нафар дар як моҳи охир бо аломатҳои бемории  монанд ба коронавирус хабар медиҳанд.
Дар 10 рӯзи  охир алакай марги дастикам 6  нафари маъруф бо гумони гирифторӣ ба коронавирус ё “илтиҳоби шуш” расонаӣ шудааст:
  1. Қурбоналӣ Абдураҳимзода, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон, 57-сола
  2. Домулло Абдураҳмон Боқизода,  аз деҳаи Гулпарвари ноҳияи Рӯдакӣ, 62-сола
  3. Профессор Нигина Шаропова, собиқ муовини сарвазири Тоҷикистон, 62-сола
  4. Наргис Ҳакимова, табиби дермато-косметолог
  5. Роҳат, ҳамсари Шоири халқии Тоҷикистон Саидалӣ Маъмур, 72-сола
  6. Лайлӣ Мақсудова, сардори шуъбаи равобити байналмилалии “Тоҷикстандарт”, 35-сола
  7. Қобилхоҷа Қобилов, раиси собиқи дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ , 64-сола
  8. Майор Ҳомидҷон Устоев, корманди собиқи милитсияи шаҳру вилояти Қӯрғонтеппа.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.