расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Тарифҳои об дар Тоҷикистон имсол боло бурда намешаванд

. / Ҷомеа

Тарифҳои об дар Тоҷикистон имсол боло бурда намешаванд

Хизматрасонии баровардани партовҳо низ.


Сурат: centre1.com
Роҳбари КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” (ХМК)-и Тоҷикистон Ҷамшед Табарзода зимни нишасти хабарии имрӯза хабар дод, ки имсол дар ҷумҳурӣ тарифҳо ба хизматрасониҳои таъминот бо об ва баровардани партовҳо боло бурда намешаванд.
“Ҳарчанд тарифҳои мазкур пасту хароҷоти корхонаро рӯйпӯш карда наметавонанд”, - қайд кард ӯ.
Тавре дар КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” маълумот доданд, тарифҳо барои ҳар кадоме аз шаҳру навоҳӣ фарқ доранд.
Дар Душанбе тарифҳо ба хизматрасониҳои таъминот бо об ва обу корез барои гурӯҳҳои гуногуни истеъмолгарони пойтахт бар асоси қарори раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ тағйир дода шуд.
Дар ин қарор ба корхонаи “Обу корези Душанбе” дастур дода шуд, ки насби обҳисобкунакҳоро оид ба харҷи об таъмин кунад. Ин ба корхона имкон медиҳад, ки харҷи воқеии об ва истифодаи обу корезро аз ҷониби аҳолӣ саҳеҳ муайян созад. Инчунин истеъмолгарон низ пули обро мувофиқи нишондиҳандаи обҳисобкунак пардохт мекунанд.
 

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.