расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Ҷашнҳои наврӯзӣ қисман иҷоза шуд: кӯштӣ мешавад, аммо намоиши калони рақсу суруд не

. / Ҷомеа

Ҷашнҳои наврӯзӣ қисман иҷоза шуд: кӯштӣ мешавад, аммо намоиши калони рақсу суруд не

Ин тасмимро имрӯз Ситоди ҷумҳуриявӣ муқовимат бо коронавирус гирифтааст.

Сурат: Asia-Plus
Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзўр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID–19 ба баргузории барномаҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва сайругашти идонаи Наврӯз иҷозат дода, чорабиниҳои бузурги идоранро манъ кардааст. Дар ин бора торнамои расмии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар додааст.
Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ, бо мақсади арҷгузорӣ ва эҳтиром ба фарҳанги ниёгон ва арзишҳои миллӣ ба гузаронидани барномаҳои фарҳангиву варзишӣ ва сайругашти идона ба муносибати ҷашни байналамилалии Наврӯз, ба истиснои намоишҳои театрикунонидашудаи оммавӣ дар варзишгоҳҳо бо дарназардошти риояи талаботи қоидаҳои беҳдоштӣ ва зиддиэпидемӣ бо дарназардошти риояи талаботи қоидаҳои беҳдоштӣ иҷозат дода мешавад, аммо ин ниҳод "намоишҳои театрикунонидашудаи оммавӣ дар варзишгоҳҳо"-ро манъ кард.
Ин тасмими ин ниҳод дар ҳолест, ки чанде пеш Вазорати фарҳанг ҳам аз манъ шудани таҷлили пурдабдабаи Наврӯз дар соли 2021 ва иштирок накардани президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабиниҳои наврӯзӣ хабар дода буд.
Ситод риояи қоидаҳои беҳдоштиро дар чорабиниҳои Наврӯз ба дӯши вазоратҳои тандурустӣ, корҳои дохилӣ ва ҳукуматҳои маҳалии вилояту шаҳру ноҳияҳо гузоштааст.

Дар хабарномае, ки вазорати тандурустӣ аз номи Ситод нашр кардааст, гуфта мешавад, ки "ҳамзамон аз Вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо талаб карда шудааст, ки ҳангоми баргузории чорабиниҳои идона ба исрофкориву зиёдаравӣ роҳ надиҳанд".
«Ситоди ҷумҳуриявӣ бори дигар ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки сарфи назар аз он ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифторони бемории сироятии коронавирус ба қайд гирифта нашуда бошанд ҳам, қоидаҳои гигиенаи шахсиву ҷамъиятӣ ва  маслиҳату тавсияҳои табибону мутахассисонро қатъиян риоя кунанд. Зеро дар сурати риояи тавсияи мутахассисони соҳаи тандурустӣ ва амалисозии тадбирҳои мушаххас метавон ҳама гуна чорабинӣ ва фаъолияти иншооти гуногуни иҷтимоиро ба роҳ монд, дар акси ҳол натиҷа баръакс хоҳад шуд», - гуфта мешавад дар ин тасмими Ситод.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.