расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Ба донишҷӯёни хориҷӣ дар Русия натанҳо квота, балки гранту стипендия низ пешниҳод мешавад

. / Ҷомеа

Ба донишҷӯёни хориҷӣ дар Русия натанҳо квота, балки гранту стипендия низ пешниҳод мешавад

Шумори квотаҳо барои таҳсил дар мактабҳои олии Русия минбаъд афзуда, то соли 2024 он 2 баробар зиёд мешавад.

Евгений Примаков
Сурат: vzsar.ru
Роҳбари Агентии федералии умури ИДМ, ҳамватанони муқими хориҷа ва ҳамкории байнулмилалии гуманитарӣ (Россотрудничесто) Евгений Примаков зимни як онлайн-конфронс изҳор дошт, ки дар баробари квотаҳои таҳсили бепул дар макотиби олӣ, Русия ба донишҷӯёни хориҷӣ гранту стипендияҳо низ пешниҳод хоҳад кард.
Дар ҳамин ҳол, ӯ қайд кардааст, ки шумори квотаҳо барои таҳсил дар мактабҳои олии Русия минбаъд афзуда, айни замон дар ин барнома 15 ҳазор ҷойи буҷети пешбинӣ шудааст ва соли 2024 шумори он 2 баробар зиёд мешавад.
“... Як қисмате аз ин квотаҳо бояд бо стипендия таъмин бошанд, ки он замон ин муфид мешавад. Ин харҷи пули буҷет нест, хайру эҳсонкорӣ ҳам нест. Ин чизест, ки баъдан... ҳатман самар хоҳад овард”, - иброз доштааст ӯ.
Нишасти матбуотӣ ба тағйирот дар фаъолияти ташкилот бахшида шуда, Россотрудничествои навшуда аз 16-уми ноябр ба кор оғоз намуд ва роҳбари он дар бораи вазифаҳои он маълумот дод.
“Дар навбати аввал, мо ба он манфиатдорем, ки ҳарчи зиёдтар одамон аз собиқ кишварҳои пасоӯравӣ, давлатҳои ИДМ оянд, - изҳор доштааст ӯ. - Дар ин кишварҳо аз рушди таълиму омӯзиши забони русӣ, иқдомҳои ҷамъиятиву хусусӣ дар ин самт дастгирӣ мебояд кард. Росотрудничество ба мактабҳои хусусӣ бо забони русӣ низ кумак хоҳад кард, агар аз лиҳози тиҷоратӣ онҳо муваффақ амал кунанд”.
Роҳбари Россотрудничество инчунин зикр кардааст, ки имкноти нави омӯзиши забони русиро дарёфт кардан зарур аст, масалан, маҳфил (кружок)-и технологияҳои иттилоотӣ, ки дар он асосҳои барномарезӣ бо забони русӣ таълим дода мешаванд ва дар ин самт ҳамкории мутақобилаи мактабҳои олӣ мувофиқи мақсад аст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.