расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » РУСИЯ БОЗ ПЕШНИҲОДИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ШУРӮИ ПАРВОЗҲОИ МУНТАЗАМРО РАД КАРД

Ҷомеа / Муҳоҷир

РУСИЯ БОЗ ПЕШНИҲОДИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ШУРӮИ ПАРВОЗҲОИ МУНТАЗАМРО РАД КАРД

Хадамоти матбуоти Росиавиатсия хабар дод, ки рӯзи 11 ноябр муовини аввали вазири нақлиёти Русия Александр Нерадко ва мудири Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Икром Субҳонзода тавассути конфаронси видеоӣ машварат анҷом додаанд. Тарафҳо аз ҷумла масъалаи аз сар гирифтани парвозҳои мунтазами ҳавопаймоҳо байни Тоҷикистону Русияро баррасӣ кардаанд, вале ин дафъа низ Душанбе натавонистааст ризоияти Маскавро дар ин масъала ба даст биорад.
«Бо назардошти вазъи эпидемиологӣ дар Русия ва Тоҷикистон машваратҳо дар мавриди дар шакли пурра аз сар гирифтани иртиботи авиатсионии дутарафа давом дода хоҳанд шуд. Ҷонибҳо тартиби додани иҷозатнома барои анҷоми парвозҳои хуруҷӣ (вывозные рейсы) барои ширкатҳои ҳавопаймоии таъйиншудаи ду кишварро баррасӣ карданд», - гуфта мешавад дар матни хушки иттилоияи Росавиатсия.
Ин дар ҳолест ки садҳо ҳазор нафар аз аҳолии қобили кор дар Тоҷикистон бесаброна мунтазири боз шудани марзҳои Русияанд, то барои мардикорӣ ба онҷо бираванд. Муҳоҷирати корӣ дар Русия як манбаи умдаи таъмини рӯзгори аксари хонаводаҳо дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Ҳар сол аз Русия ба Тоҷикистон ва асосан бо шарофати муҳоҷирони корӣ беш аз 2,5 миллиард доллар интиқол мешуд, ки баробари сеяки маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ва қариб баробари буҷаи солонааш мебошад.
Парвозҳо байни Тоҷикистону Русия аз 20 март дар пасманзари пандемияи коронавирус қатъ шуд. Аз он вақт ба баъд байни ду кишвар танҳо парвозҳои чартерӣ анҷом мешаванд. Ширкатҳои русӣ тавассути ин парвозҳо ҳақ доранд аз Тоҷикистон танҳо шаҳрвандони Русия ва афроди соҳиби ҳаққи иқомат дар он кишварро бубаранд ва ширкатҳои тоҷикӣ танҳо барои ба Ватан баргардондани шаҳрвандони Тоҷикистон иҷозат доранд.
Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз дар поёни моҳи июн ба парвози ҳавопаймоҳои Русия иҷозат дода, аз Маскав хост, ки марзҳои ҳавоияшро барои анҷоми парвозҳои мунтазам бо Тоҷикистон низ бикушояд. Русия ба кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ парвозҳои мунтазамро аз сар гирифтааст, вале то ҳол ба Тоҷикистончунин иҷозатро намедиҳад.
О КОНСУЛЬТАЦИЯХ АВИАЦИОННЫХ ВЛАСТЕЙ РОССИИ И ТАДЖИКИСТАНА
Пресс-служба Росиавиации
11 ноября Первый заместитель Министра транспорта Российской Федерации - руководитель Росавиации Александр Нерадько и директор Агентства гражданской авиации при Правительстве Республики Таджикистан Субхонзода Икром Субхон в формате видеоконференцсвязи провели консультации авиационных властей.
В ходе консультаций отмечен высокий уровень двустороннего сотрудничества в сфере воздушного транспорта. Обсудили перспективы возобновления авиасообщения между Россией и Таджикистаном, вопрос организации российскими и таджикскими авиакомпаниями вывозных рейсов и сотрудничество в сфере летной годности воздушных судов.
Стороны проинформировали о принимаемых в странах мерах по поэтапному выходу из режима противоэпидемических ограничений при восстановлении авиапассажирских перевозок. С учетом эпидемиологической ситуации в России и Таджикистане консультации по возобновлению двустороннего авиасообщения в полном объеме будут продолжены. Согласовали порядок выдачи разрешений на выполнение вывозных рейсов назначенными авиапредприятиями двух стран.
В сфере сертификации и летной годности авиационной техники руководители ведомств подтвердили готовность продолжить работу над подготовкой к подписанию до конца 2020 года двустороннего Соглашения в области летной годности между Федеральным агентством воздушного транспорта и Агентством гражданской авиации при Правительстве Республики Таджикистан.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.