расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Пошхӯрии хонаводаҳо дар Суғд коҳиш ёфтааст

. / Ҷомеа

Пошхӯрии хонаводаҳо дар Суғд коҳиш ёфтааст

Мақомот инро натиҷаи кори худ медонанд, аммо коршиносон назари дигар доранд

Сурат: Asia-Plus
Давоми нӯҳ моҳи соли ҷорӣ дар шимолии Тоҷикистон, назар ба як соли пеш, беш аз 400 мавриди азҳампошии хонаводаҳо кам шудааст. Чунин омор бори нахуст дар чанд соли ахир мушоҳида мешавад. Омили коҳиши ҷудошавиро ниҳодҳои марбута дар пурзӯр гардидани машварату мулоқотҳояшон бо хонаводаҳо медонанд, аммо коршиносони соҳа назари дигар доранд.
Бино ба омори шӯъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилояти Суғд давоми нӯҳ моҳи соли ҷорӣ дар ин вилоят 2758 ақди никоҳ бекор гардид, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта пошхӯрии хонаводаҳо 416 адад кам шудааст. Аз он 1823 ақди никоҳ дар асоси санадҳои судӣ, 921 адад бинобар надоштани фарзанди ноболиғ ва дар 14 ҳолат бо ҳукми суд хонаводаҳо аз ҳам ҷудо шуданд.
Дар пайи ин похшӯриҳо 2305 нафар кӯдакони то синни 18-сола аз меҳри яке аз ҷонибҳо падар ва ё модар маҳрум монданд.
Сардори Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилояти Суғд Лола Файззода дар сӯҳбат бо Азия-Плюс гуфт, ки яке аз омилҳои кам шудани омори расмии ҷудошавӣ ин дар пурзӯр гардидани корҳои тарғиботӣ байни хонаводаҳо аст. “Мо дар ҳамаи деҳаву, ҷамоату шаҳру ноҳияҳо корҳои фаҳмонидадиҳиро пурзӯр намудем. Хело корбарии зиёд бо хонаводаҳоро анҷом додем. Ман шахсан худам бекор кардани ақди никоҳро бад мебинам. Дар куҷое, ки маҳфилу чорабиниҳо бо хонаводаҳо доир шуд мудирони САҲШ иштирок ва бо онҳо корҳои фаҳмонидадиҳӣ бурданд”.  
Масъулин омили дигари кам гаштани пошхӯрии хонаводаҳоро ба он рабт медиҳанд, ки дар ин сол ба дунболи бемории ҳамагири COVID-19 бастани ақди никоҳ низ дар вилояти Суғд назар ба нӯҳ моҳи соли гузашта 2293 адад коҳиш ёфтааст. Гуфта мешавад ин омор низ ба омори пошхӯрии хонаводаҳо бетаъсир набуд. Соли ҷорӣ 12635 ақди никоҳ ба қайди расмии давлатӣ ворид гардидааст.

“Шӯрои муросо” то куҷо муросокор шуд?

Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Суғд далели аслии коҳиши омори пошхӯрии оилаҳо дар соли 2020-ро ба фаъолияти пурсамари “Шӯрои муросо” вобаста медонад. Масъулини ин ниҳод мегӯянд, то як соли пеш на ҳамаи шаҳру ноҳияҳо чунин шӯро доштанд ва сар аз оғози соли 2020 дар 18 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд “Шӯрои муросо” ташкил гардид ва 1025 хонаводаи осебпазири дучори муноқишаро ба созиш овард. Ин шӯро давоми чанд соли ахир ба далели нигарониҳо дар заминаи зиёд шудани пошхӯрии хонаводаҳо дар шимолии Тоҷикистон созмон ёфт ва чанд сохтори марбут ба масоили хонаводагиро сарҷамъ кардааст.
Asia-Plus
 
Сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Суғд Хоҷазода Хуршеда мегӯяд, онҳо ба фарқ аз як соли пеш соли равон бештар бо хонаводаҳои “ҷанҷолӣ” сӯҳбат оростанд ва дар пайи машварату мулоқоти масъулин қисми бузурги онҳо ба созиш омаданд.
 “Мо дар Шӯрои муросо оилаҳое, ки дар ҳолати бекоршавии ақди никоҳи ҳамдигар қарор дошт, муноқишаи оилавӣ байнашон буд сӯҳбату машваратҳо ороста қисми зиёдашонро муросо кунонидем. Маркази иттилоотӣ-машваратӣ дар ҷойҳо ташкил кардем, ки дар он ёрии ҳуқуқшинос, равоншинос ба занони дучори муноқиша ва ҷанҷолӣ оилавӣ ройгон амал мекунад. Дар рӯзҳои қабули раиси вилояти Суғд, низ он оилаҳое, ки бо мушкилии зиндагӣ омада буданд кӯмак кардем. Дар натиҷа хушунати оилавӣ низ имсол кам шудааст. Инчунин 201 ҷинояти занон назар ба соли 2019 кам шуд”,- мегӯяд ӯ.

Коршинос: “зӯроварӣ нисбати занон ва кӯдакон зиёд шудааст”

Аммо коршиносони масоили марбут ба оила ба ҳисоботи оморӣ бо шубҳа менигаранд ва мегӯянд, ҳанӯз ҳам хушунати занон ва то ҳатто кӯдакон зиёд аст. Равоншинос Муҳаррама Раҳимова, ки бештар бо оилаҳои “ҷанҷолӣ”  мулоқот ороставу онҳоро ба созиш меорад мегӯяд, ҳоло дар ихтиёраш даҳҳо муроҷиате дорад, ки бештари он ба оқибатҳои хушунати занон марбут аст. “Яъне он заноне, ки солҳо дар хушунат зиндагӣ намуда ҳоло ба солимиву руҳу равонашон мушкил пеш омадааст. Ва ё муроҷиат нисбати хушунати  фарзандон низ зиёд аст”,-гуфт равоншинос.  
Ин равоншинос мегӯяд, дар шароити феълӣ механизми тасаллӣ додан, ором намудан роҳи ҳалли муаммо нест. Аз ин рӯ онҳо аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ ва равонӣ кӯмак ба хонаводаҳои осебпазирро оғоз кардаанд.”Муаммои ҷанҷоли оилавӣ чист, сарчашмаи ҷанҷол аз куҷо, мо ҳаминро дар алоҳидагӣ бо занон ва ҳам бо мардон омӯхта истодаем. Мо чӣ тавр баромадан аз ҳолати мураккаби муноқишаҳоро дар якҷоягӣ бо хонаводаҳо андеша мекунем. Бисёр оилаҳо дар натиҷа ба созиш омаданд,”-мегӯяд, равоншинос.
Аммо гурӯҳе аз коршиносон бар он боваранд, ки аз эҳтимол дур нест, ки ба дунболи пайдоиши бемории ҳамагири COVID-19 дар соли равон  шумори похшӯрӣ дар хонаводаҳо коҳиш ёфтааст. Онҳо бар он назаранд, ки ҳамагуна бадбахтӣ, ғам андӯҳ одамонро ба ҳам муттаҳид мекунад, ки дар чунин вазъ хонаводаҳои ҷанҷолӣ низ ба ҳам муросо карданд.
Дар қайди мақомоти милитсия беш аз 700 оилаи ноустувор мавҷуд аст, ки масъулини бахши занон мегӯянд соли ҷорӣ онҳо бо ин хонаводаҳо 2159 маротиба суҳбату мулоқот оростанд то ба созиш оянд. Инчунин дар Раёсати кор бо занон ва оилаи Суғд 853 нафарро, ки дар пайи муноқишаи хонаводагӣ муроҷиат карданд дар зери назорат гирифтаанд. Масъулин мегӯянд, ин шумора низ назар ба соли гузашта бамаротиб кам аст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.