расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Ба як нафақахӯр дар Тоҷикистон қариб 3,4 коргар рост меояд

. / Ҷомеа

Ба як нафақахӯр дар Тоҷикистон қариб 3,4 коргар рост меояд

Айни замон шумори нафақахӯрон дар Тоҷикистон 720 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Акс аз бойгонӣ
Сурат: Asia-Plus
Шумори қувваи корӣ дар Тоҷикистон 2 млн 455 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин шумор 50,8 ҳазор нафарашон расман мақоми бекорӣ доранд, иттилоъ медиҳад Агентии омори назди президенти ҶТ.
Теъдоди коргарон айни замон андаке зиёдтар аз 2,4 млн нафар ва шумори нафақахӯрон ба 720 ҳазор нафар баробар аст.
Ба ин тариқ, таносуби коргарон ва нафақахӯрон дар ҷумҳурӣ ба аввали семоҳаи охири соли ҷорӣ 3,4 коргар ба 1 нафақахӯрро ташкил медиҳад.
Мувофиқи тавсияҳои Созмони байнулмилалиии меҳнат, ба як нафақахӯр бояд на камтар аз 3 нафар коргар рост ояд.
Тавре маълум аст, нафақа аз ҳисоби маблағҳои гузаронидаи корфармоҳо барои кормандонашон ва худи кормандон ташаккул меёбад.
Дар Тоҷикистон айни замон корфармо 25%-и маоши кормандро ба Фонди ҳифзи иҷтимоӣ гузаронида, аз худи корманд 1%-и музди меҳнаташ боздошта мешавад.

Вазъ дар ҳамсоякишварҳо чӣ гуна аст?

Бино ба маълумоти оморӣ, дар кишварҳои ҳамсоя вазъ дар ин самт каме беҳтар мебошад.
Дар Ӯзбекистону Қирғизистон ба як нафақахӯр 3,6 нафар шахсони шуғлдошта ва дар Қазоқистон 4,2 нафар корманд ба 1 нафақахӯр рост меояд.

Дар паҳнои пасошӯравӣ вазъ дар ин самт бештар дар Русия нигаронкунунда аст, ки дар ин кишвар таносуби воқеии коргарн ва нафақахӯрон дар соли гузашта ба 1:1,2 нафар расид, яъне 1,2 коргар дар муқобили 1 нафақахӯр.
Дар ин робита ҳукумати Русия тасмим гирифт, ки тадриҷан синни ба нафақа баромаданро барои занон аз 55 то 60 сол ва барои мардон аз 60 то 65 сол баланд бардорад.
Дар Тоҷикистону Қирғизистон ва Қазоқистон синни ба нафақа баромадан барои мардон 63 сол ва занон - 58 сол муқаррар шудааст. Дар ҳамин ҳол, дар Қазоқистон синни ба нафақа баромадан барои занон тадриҷан ҳар сол 6-моҳӣ то ба 63 сол расонида мешавад.
Дар Ӯзбекистон синни аз ҳама пасттарини ба нафақа баромадан ҷорӣ аст: барои занон - 55 сол ва мардон - 60 сол.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.