расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Шумори беморони COVID-19 дар ҷаҳон ба 100 млн нафар наздик мешавад

. / Ҷаҳон

Шумори беморони COVID-19 дар ҷаҳон ба 100 млн нафар наздик мешавад

Дар Тоҷикистон ҳафтаи дуюм инҷониб сироятёфтагон сабт намешаванд.

Сурат: News Factory
Шумори сироятёфтагон аз коронавирус дар ҷаҳон ба 100 млн нафар наздик мешавад, бармеояд аз маълумоти Донишгоҳи Ҷон Хопкинс.
То субҳи 25 январ дар саросари дунё 99 млн 152 ҳазору 14 ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта шуда, то ин дам 2 млн 128 ҳазору 721 нафар аз ин беморӣ фавтиданд.
Аз рӯйи шумори сироятёфтагон ва фавтидагон ИМА пешсаф аст, ки дар ин ҷо зиёда аз 25 млн ҳолати сироятёбӣ сабт шуда, 419,2 ҳазор каси ба ин беморӣ гирифторшуда фавтиданд.
Тибқи маълумоти Донишгоҳи Хопкинс, панҷгонаи аввали давлатҳои бештар шаҳрвандонашон фавтида/сироятёфта аз коронавирус чунин аст:.
- ИМА 419 204 / 25 123 857;
- Бразилия 217 037 / 8 844 577;
- Ҳиндустон 153 339 / 10 654 533;
- Мексика 149 614 / 1 752 347;
- Британия 98 129 / 3 657 857.
Дар Тоҷикистон ҳафтаи дуюм инҷониб ҳодисаҳои сироятёбӣ аз COVID-19а қайд гирифта намешаванд. Тибқи маълуомти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, аз оғози пандемия дар Тоҷикитсон 13 ҳазору 308 ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифта шуд. Шумори шифоёфтагон 13 ҳазору 218 нафар арзёбӣ шуда, 90 кас аз ин беморӣ фавтиданд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.