расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Дар натиҷаи таркиши минаи магнитӣ дар Кобул ду нафар фавтиданд

. / Ҷаҳон

Дар натиҷаи таркиши минаи магнитӣ дар Кобул ду нафар фавтиданд

Сухангӯи полиси Кобул Фирдавс Фаромарз 14 декабр гуфт, ки дар натиҷаи таркиши минаи магнитӣ дар Кобул ду нафар кушта ва ду тани дигар маҷрӯҳ шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шабакаи телевизионии tolonews.com.
Фирдавс Фаромарз афзудааст, ки ҳодиса субҳи рӯзи якшанбе дар наздикии меҳмонхонаи «Парвон» дар ноҳияи 15-уми амниятии Кобул замоне рух дод, ки минаи магнитӣ дар автомашинаи «Ланд Крузер» таркид.
Полис дар бораи шахсияти кушташудагон ва маҷрӯҳони ин ҳодиса тафсилот надодааст.
Ҳеҷ гурӯҳе, аз ҷумла «Толибон», масъулияти таркишро ба дӯш нагирифтааст.
Пештар АМИТ «Ховар» хабар дода буд, ки 12.12.2020 шаҳри Кобул мавриди ҳамлаи мушакӣ қарор гирифт, ки дар натиҷа як нафар ҳалок ва  чаҳор нафари дигар захмӣ шуданд.
Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали президенти Афғонистон 13 декабр  дар як нишасти матбуотӣ оид ба баррасии вазъи амниятии пойтахт изҳор кард, ки дар ҳамлаҳои мушакии дирӯза дар Кобул даҳ нафар кушта ва 51 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Илова бар ин ҷаноби Солеҳ дар сафҳаи фейсбукии худ навиштааст, ки дирӯз се корманди мақомоти амниятӣ дар таркиши минаи магнитӣ дар ноҳияи 12-уми Кобул кушта шуданд. Толибон даст доштан дар ин ҳамларо рад карданд.
Илова бар ин субҳи рӯзи якшанбе дар Кобул ду таркиш рух дод, ки дар натиҷа ронандаи таксӣ маҷрӯҳ шуд.
Дар робита бар ин пулиси Кобул хабар додааст, ки субҳи имрӯз дар натиҷаи таркиши минаи магнитӣ дар таксӣ дар маҳаллаи якуми Хайрхонаи шаҳри Кобул як нафар маҷрӯҳ шуд. Аммо шоҳидон мегӯянд, ки чаҳор нафар маҷрӯҳ шуданд.
Дар ҳамин ҳол, мақомоти полиси Кобул хабар доданд, ки як дар роҳ ба сӯи фурудгоҳ низ як автомашинаи артиш таркидааст, аммо дар бораи талафоти он маълумот надоданд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.