расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Ширкати амнияти интернетии FireEye мавриди ҳамлаи кишвари хориҷӣ, эҳтимолан Русия қарор гирифт

. / Ҷаҳон

Ширкати амнияти интернетии FireEye мавриди ҳамлаи кишвари хориҷӣ, эҳтимолан Русия қарор гирифт

Ширкати FireEye дар таҳқиқи рахнагариҳои азиме, ки дар пушти онҳо Русия, Эрон ва Кореяи Шимолӣ истодааст, дасти боло дорад

FireEye, як ширкати маъруфи амрикоӣ, ки дар амнияти интернетӣ ихтисос дорад, гуфт, ки чанде пеш мавриди ҳамлаи рахнагарони “эҳтимолан хориҷӣ” қарор гирифтааст. Дар як блоги раҳбари кулли FireEye Кевин Мандиа аз 8 декабр омадааст, ки рахнагарон системаи амниятии ин ширкатро шикаста, василаҳои санҷиши амнияти муштариҳоро дуздидааст. Ӯ гуфт, ки рахнагарон “пеш аз ҳама иттилои марбут ба фармоишгарони давлатиро ҷустуҷӯ мекард”. Ӯ нагуфт, ки ин ҳамла мушаххасан кай сурат гирифтааст. Ширкат гуфт, ки ин ҳодиса ҳамроҳ бо мутахассисони Бюрои федеролии тафтишот (ФБР) таҳқиқ мешавад. Муовини раиси бахши амнияти интернетии ФБР Мэтт Горҳем гуфт, ки “сатҳи бисёр баланди кори рахнагарон баробар бо кори як кишвари хориҷӣ аст”. Мутахассисон мегӯянд, ки маълумоти дуздидашуда метавонад бар зидди ҳадафҳои давлативу соҳавӣ истифода шавад. Бисёр мутахассисони соҳаи амнияти интернетӣ Русияро дар анҷоми ин кор гумонбар медонанд. Ҷейк Уилямс, президенти ширкати Rendition Infosec, ки кори он ҳам ба амнияти интернетӣ рабт мегирад, гуфт, ки бовар дорад, кори ин рахнагарон “бо давлати Русия ҳамоҳанг мешавад”. FireEye як ширкати воқеъ дар Калифорния аст. ки ҳукуматҳои тамоми ҷаҳон онро барои ҳимоят аз рахнашавӣ истифода мекунанд. Ин ширкат дар гузашта ҳам муайян карда буд, ки дар пушти бисёр амалиёти азими рахнагарӣ Русия қарор дорад. Яке аз ин ҳамлаҳо солҳои 2015-16 ба низоми барқи Украина сурат гирифтааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.