расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Гузоришҳо: Трамп дар бораи имкони зарба ба маконҳои ҳастии Эрон суол кардааст

. / Ҷаҳон

Гузоришҳо: Трамп дар бораи имкони зарба ба маконҳои ҳастии Эрон суол кардааст


Доналд Трамп, президенти ИМА

Дар фурсати ду моҳ то хатми мӯҳлати президентиаш Доналд Трамп аз мушовиронаш суол кардааст, ки оё имконияти зарба задан ба муассисаҳои ҳастаии Эрон вуҷуд дорад ё на. Дар ин бора матбуоти амрикоӣ хабар медиҳад. Бино ба навиштаи New York Times, дар ҷаласаи рӯзи 12-уми ноябр дар Кохи Сафед Трамп аз чанд ёвараш, аз ҷумла, муовини президент Майк Пенс, котиби давлатӣ Майк Помпео ва фармондеҳи ситоди муштарак генерал Марк Милли суол кардааст, ки “то куҷо ӯ имкон дорад дар ҳафтаи наздик алайҳи маконҳои асосии ҳастаии Эрон иқдоме анҷом бидиҳад?” Times менависад, мақомоти баландпоя “президентро аз нияти ҳамлаи низомӣ баргардониданд” ва ӯро огоҳ карданд, ки ин кор боиси доман задани низои фаротар дар ҳафтаҳои ахири президентиаш хоҳад шуд. Оҷонсии Рейтерс менависад, ки як мақоми амрикоӣ рӯзи 17-уми ноябр ин хабарро тасдиқ кард. Оҷонсӣ аз қавли ин мақомдор мегӯяд, “Ӯ дар бораи имкониятҳо суол кард. Онҳо ба ӯ сенарияи паёмадҳоро шарҳ доданд ва ӯ қотеона қарор кард, ки ин корро анҷом намедиҳад”. Тибқи гузоришҳо, Трамп дар ин бора баъди он сӯҳбат кардааст, ки Оҷонсии байналмилалии нирӯи атомӣ гуфтааст, ки Эрон ғанисозии ураниумро идома медиҳад. Кохи Сафед аз шарҳи ин гузоришҳо худдорӣ кард.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.