расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Дар Австрия 14 нафар боздошт шуд

. / Ҷаҳон

Дар Австрия 14 нафар боздошт шуд


Вена, маҳалли ҳамлаи мусаллаҳонаи рӯзи 2-юми ноябр дар иҳотаи полис

Мақомоти Австрия гуфтанд, дар робита ба он чи ки нахуствазир Себастиан Куртс “ҳамлаи нафратовари террористӣ” дар Вена номид, 14 нафар боздошт шудааст. Полис аз сокинон тақозо кард, ки дар хона бимонанд, чун дар ҳамлаи рӯзи 2-юми ноябр дар шаш маҳаллаи пойтахти Австрия тирандозӣ сурат гирифтааст. Дар ин ҳодисаҳо ду мард ва ду зан кушта шуда, 22 нафар маҷрӯҳ гардиданд. Полис гуфт, ҳамлагари эҳтимолӣ - марди 20-солаи дорои душаҳрвандии Австрия ва Македонияи Шимолӣ нобуд карда шуд. Полис, ки тамоми рӯзи 3-юми ноябр дар саросари Вена ва ҳам қисмати Австрияи поён амалиёти ҷустуҷӯ ба роҳ монд, шоми сешанбе гуфт, ки шаҳодати дар ин ҳодиса даст доштани нафари дуюмро пайдо накард.
Исми шахси гумонбари кушташуда Куйтим Файзуллоӣ аст. Ӯро моҳи апрели соли гузашта барои талоши сафар ба Сурия бо ҳадафи пайвастан ба гурӯҳи “Давлати исломӣ” ба 22 моҳи зиндон маҳкум карданд. Вазири умури дохилӣ Карл Неҳаммер дар нишасти матбуотӣ гуфт, “ин шахс барномаи раҳоӣ аз ифротгароии низоми адлияро фиреб кард, то ки мардумро гӯл андохта барвақттар ба озодӣ барояд”. Неҳаммер гуфт, ки ӯро бар асоси қонунҳои ҷиноятҳои наврасон моҳи декабри порсол пеш аз мӯҳлат озод карданд.
Вазорати умури дохилии Македонияи Шимолӣ гуфт, ки бар асоси феҳристи пешниҳодкардаи полиси Австрия, ду нафари дигари дорои душаҳрвандӣ бо Австрия дар даст доштан дар ҳамлаи Вена гумонбар мешаванд ва онҳо ҳам боздошт шудаанд. Дар вазорати дохилии Македонияи Шимолӣ гуфтанд, ки ин ду нафар дар Австрия таваллуд шудаанд.
Субҳи 3-юми ноябр вазири дохилии Австрия гуфт, ки барои ҷустуҷӯи омилони ҳодисаҳои рӯзи гузашта 1000 ходими амниятӣ сафарбар шудааст ва бархе кишварҳои ҳамсоя ҳам ба Вена пешниҳоди кӯмак карданд. Ӯ инчунин гуфт, ки як ходими 28-солаи полис, ки дар ҳодисаи дирӯза ҷароҳат бардошт, дигар дар ҳолати хатарнок қарор надорад. Айни замон, ҳолати ҳафт маҷрӯҳшуда сангин боқӣ мемонад.
Ҳамлаи мусаллаҳона дар як минтақаи сераҳолие рух дод, ки дар он бару тарабхонаҳои зиёд ҷойгир буда, инчунин канисаи марказии Вена ҳам ҷойгир шудааст. Ҳамла дар соатҳое рух дод, ки мақомот бояд тоза маҳдудиятҳои марбут ба коронавирусро шадидтар мекарданд.
Куртс дар як паёми худ ба мардум ҳамаро ба ваҳдати миллӣ даъват ва дар кишвар се рӯзи мотам ҷорӣ кард. Дар паёми телевизиониаш нахуствазир гуфт, “мо ҳеҷ гоҳ намегузорем, ки ин бадбинӣ реша давонад”. Ӯ афзуд: “Мо бояд огоҳ бошем, ки ин низои миёни масеҳиён ва мусалмонон ё австриягиҳову муҳоҷирон нест”.
Ба гуфтаи нахуствазир: “Душмани мо – терроризми исломӣ – на танҳо дар фикри эҷоди марг ва дард аст, балки мехоҳад дар ҷомеа рахнае эҷод бикунад”. Куртс гуфт, ки Австрия демократия, ҳуқуқи бунёдӣ ва роҳи озоди зиндагиашро ҳимоят мекунад.
Ҳукумати Австрия эълон кард, ки дар кишвар то 5-уми ноябр мотами миллӣ эълон мекунад.


Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.