расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Ба ҳалокат расидани мусофир ҳангоми ба девори даромадгоҳи нақб бархӯрдани воситаи нақлиёт

. / Ҳаводис

Ба ҳалокат расидани мусофир ҳангоми ба девори даромадгоҳи нақб бархӯрдани воситаи нақлиёт

Рӯзи 31-уми марти соли 2021, тахминан соати 05:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Ичилов Ислом Маликович, соли таваллудаш 1996, сокини ҷамоати деҳоти Қӯштеппаи ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Хуҷанд-Чаннок-Душанбе» дар ҷамоати деҳоти Анзоб, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёташ набаромада, ба девори даромадгоҳи нақб бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири дохили автомашинаи мазкур Ҷӯраев Абдуллоҷон Саидбоевич, соли таваллудаш 1980, сокини ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Б.Ғафуров, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.