расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Боздошт гардидани марди 30-сола бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ

. / Ҳаводис

Боздошт гардидани марди 30-сола бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи Б.Ғафуров бо ариза роҳбари маркази хизматрасонии бонкии «Сомғор»-и ноҳияи Б.Ғафуров (Филиали ҶСП бонки «Арванд» дар шаҳри Хуҷанд) муроҷиат намудааст, ки 6-уми марти соли 2021, тахминан соати 23:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба маркази мазкур, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Исмоили ҳамин ноҳия даромада, аз он ҷо 1-адад ноутбуки тамғаи «НР», 1-адад таҷҳизоти пулҳисобкунак, 1-адад чойники электрикӣ, 1-адад суратгираки тамғаи «Сонӣ» ва 1-адад телефони мобилии тамғаи «Нокиа»-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 4 ҳазору 250-сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 30-солаи сокини ҷамоати деҳоти Исмоил, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.