расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Боздошти ҷавонон дар Душанбе барои фурӯши “хлопушка”

. / Ҳаводис

Боздошти ҷавонон дар Душанбе барои фурӯши “хлопушка”

Нисбат ба онҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид

Сурат: РВКД Душанбе
Чанд рӯзи охир кормандони милитсияи пойтахт дар 12 ҳолат аз сокинони Душанбе 350 ҳазор дона маводҳои тарфгарӣ (хлопушка)-ро дарёфту мусодира намуданд, хабар медиҳад РВКД дар шаҳри Душанбе.
Гуфта мешавад, ки дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби пулиси шаҳри Душанбе аз ду сокини 20-сола ва як сокини 18-солаи пойтахт зиёда аз 20,500 ҳазор маводи тарфгарӣ дарёфту мусодира шуд.



Аксҳо аз РВКД Душанбе1/3
«Баъзе аз ноболиғон аз фориғболӣ ва беаҳамиятии волидони худ истифода бурда, ба харидану истифодабарии маводҳои пиротехникӣ дар кӯчаву назди биноҳои баландошёнаи шаҳри Душанбе машғул мешаванд, - омадааст дар хабари Раёсат. - Барои истифодабарии воситаҳои тарфгарӣ аз ҷониби ноболиғон нисбат ба волидайни онҳо тибқи талаботи моддаи 90-Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои бемасъулиятӣ тартиб дода шуда, чораҳои дахлдори таъсиррасони қонунӣ андешида мешаванд», - гуфта шудааст дар хабар.
Айни замон нисбат ба ҳамаи дастгиршудагон барои муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ) тибқи талаботи моддаи 199 (Тасарруфи силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш) иловаи 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва тафтишот ҷараён дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.