расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Боздошт: Милитсияи пойтахт зиёда аз 350 000 дона маводи тарфгарӣ (хлопушка) мусодира намуд!

. / Ҳаводис

Боздошт: Милитсияи пойтахт зиёда аз 350 000 дона маводи тарфгарӣ (хлопушка) мусодира намуд!

727
Гарчанде дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи қонунгузории кишвар хариду фурӯш ва истеҳсолу паҳн намудани маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ) манъ гардида бошад, ҳам бо омад омади Соли нави мелодӣ садои гӯшхароши он дар кӯчаву дигар маконҳо шунида мешавад. 
Мутаассифона баъзе аз тоҷирону савдогароне ҳастанд, ки манфиатҳои молиявии шахсии худро аз талаботи қонунгузорӣ боло гирифта, ба хотири ба даст овардани маблағ ба таври ғайриқонунӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон маводҳои тарфгариро ворид намуда, ба фурӯшу паҳнсозии он машғул мешаванд.
Вобаста ба ин Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе тамоми чораҳоро меандешад, то пеши роҳи онро гирифта, осоиштагии сокинону меҳмонони пойтахт таъмин гардад.
Аз ҷумла, давоми чанд рӯзи охир милитсияи пойтахт дар 12-ҳолат зиёда аз 350 000 дона маводҳои тарфгариро дарёфту мусодира намуд.
Чунончӣ, дар натиҷаи роҳандозӣ намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Душанбе шаҳрвандон Мирзоев Абубакр Султонович, Ҷунайдзода Муҳаммади Мирзораҳим, солҳои таваллудашон 2000-ум, истиқоматкунандагони шаҳри Душанбе, дастгир карда шуданд, ки ба фурӯши маводи пиротехникӣ машғул будаанд.
Зимни кофтуков аз номбурдагон зиёда аз 17-ҳазор маводҳои перотехникӣ дарёфту мусодира карда шуд.
Ҳамзамон дар ҷараёни як амалиёти дигар аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт шаҳрванд Эргашев Авазбек Икромович, соли таваллудаш 2002, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, дастгир карда шуд, ки номбурда низ ба фурӯши маводи тарфгарӣ машғул будааст.
Зимни корҳои оперативӣ санҷишӣ аз номбурда зиёда аз 3500 дона маводи тарфгарӣ бо номи «Трения» дарёфту мусодира карда шуд.
Мутаассифона баъзе аз ноболиғон низ даст ба хариду фурӯш ва истифода маводҳои пиротехникӣ мезананд, ки истифодаи чунин воситаҳои тарканда, дар баробари халалдор сохтани осоиштагӣ ҳамзамон ба саломатии худи онҳо ва атрофиён низ метавонад хатарнок бошад.
Вобаста ба ин Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз кулли шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки амалу рафтори фарзандони худро зери назорат гирифта, нагузоранд то бо истифода аз маводҳои пиротехникӣ фазои осоиштаро дар рӯзҳои ҷашни Соли нави мелодӣ халалдор созанд.
Мутаассифона, чуноне мушоҳидаҳо нишон медиҳанд баъзе аз ноболиғон аз фориғболӣ ва беаҳамиятии водидони худ истифода бурда, ба харидану истифодабарии маводҳои пиротехникӣ дар кӯчаву назди биноҳои баландошёнаи шаҳри Душанбе машғуланд, ки чунин рафтори ғайриқонунии онҳо боиси халалдор сохтани оромӣ ва шикояти шаҳрвандон ба мақомоти милитсия гардидааст. Бояд таъкид намуд, ки барои истифодабарии воситаҳои тарфгарӣ аз ҷониби ноболиғон нисбати волидайни онҳо тибқи талаботи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои бемасъулиятӣ тартиб дода шуда, чораҳои дахлдори таъсиррасонии қонунӣ андешида мешаванд.
729
Айни замон нисбат ба ҳамаи дастгиршудагон барои муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ) тибқи талаботи моддаи 199 иловаи 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва тафтишот ҷараён дорад.
Сироҷиддин Шукуров, сардори Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, лейтенанти калони милитсия

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.