расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Ба ҳалокат расидани ронанда ва мусофир дар натиҷаи бархурди ду автомашина

. / Ҳаводис

Ба ҳалокат расидани ронанда ва мусофир дар натиҷаи бархурди ду автомашина

Рӯзи 23-юми октябри соли 2020, тахминан соатҳои 15:30 ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», Қурбонов Сафар, соли таваллудаш 1948, сокини ҷамоати деҳоти Чорсуи шаҳри Ваҳдат ҳангоми ҳаракат кардан дар роҳи нақлиётгарди «НФС-Ориё», дар ҳудуди деҳоти Бостон аз роҳи дуюмдараҷа ба роҳи асоси баромаданаш ба автомашинаи тамғаи “Опел-Зафира”, таҳти идораи ронанда, Авлиёқудов Шаҳрихон Мирзохонович, соли таваллудаш 2000, сокини шаҳри Душанбе, ки бо роҳи асоси аз самти шаҳри Норак ба самти шаҳри Душанбе ҳаракат мекард бархӯрдааст.
Дар натиҷа ҳардуи автомабилҳо зарари техники дида, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», Қурбонов С. ва мусофири автомашинаи мазкур, Сафаралиев Гурез, соли таваллудаш 1941, сокини ҷамоати деҳоти Чорсу, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Аз руи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.