расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Ҷарроҳи варзида Маҳмудҷон Рабеъҷонов даргузашт

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа

Ҷарроҳи варзида Маҳмудҷон Рабеъҷонов даргузашт

Маҳмудҷон Рабеъҷонов, ҷарроҳи варзида ва собиқ сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд, дирӯз, 2-юми ноябр, дар шаҳри Хуҷанд аз олам даргузашт ва зуҳри имрӯз ба хок супорида шуд. Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ӯ 72 сол дошт ва гуфта мешавад, ягон бемории ҷиддӣ низ надошт, аммо баъзан аз баланд шудани фишори хун нигарон буд.
Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, аз даргузашти Маҳмудҷон Рабеҷонов изҳори андӯҳ карда, ба наздикону пайвандони марҳум сабру шикебоӣ хостааст.
“Маҳмудҷон Рабеъҷонов тӯли фаъолияти хеш худро ҳамчун табиби ҳозиқу фидоии касб нишон дод. Ӯ мураббии даҳҳо шогирдон буд, ки бештари онҳо то охири умраш дар паҳлӯяш кору фаъолият намуда, бархе аз онҳо ҳатто сазовори номзади илми тиб гардидаанд”, - омадааст дар хабари вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ.Дӯстону шогирдонаш даргузашти ин ҷарроҳро талафоти бузург дар соҳаи тандурустӣ ҳисобида, дирӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ гуфтанд, “шунидани ин хабари шум коллективи табибонро андӯҳгин кард”.
Маҳмудҷон Рабеъҷонов 9-уми сентябри соли 1951 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омада, соли 1973 Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистонро хатм кардааст. Аз соли 1973 то соли 1976  дар Омӯзишгоҳи тиббии Ленинобод ба номи академик Павлов ба донишҷӯён сабақ додааст.
Баъдан, соли 1976 дар шуъбаи ҷарроҳии калонсолони Беморхонаи клиникии шаҳрии № 1-и  шаҳри Хуҷанд бо таври гузариш ба фаъолият пардохт ва то соли 1979 дар ин ҷо кор карда,  ҳамон сол  ба шаҳри Маскав  рафта,  то соли 1981 дар заминаи кафедраи ҷарроҳии калонсолони Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Пирогов курси ординатураро гузашт.
Пас аз хатми ординатура боз ба шуъбаи ҷарроҳии калонсолони Беморхонаи клиникии шаҳрии № 1-и  шаҳри Хуҷанд ҳамчун ҷарроҳ ва аз соли 1983 то соли 1993 ҳамчун мудири шуъбаи ҷарроҳии калонсолони шуъбаи беморхонаи  болозикр фаъолият намуд.Хизматҳои ӯро ба инобат гирифта, соли 1993 ҳамчун сарҷарроҳи ғайривоҳидии Раёсати тандурустии вилояти Суғд, соли 1994  сартабиби Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд ва баъдан соли 1996 сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд таъйин намуданд, ки дар ин вазифаҳо то соли 2008 адои вазифа намудааст.
Маҳмудҷон Рабеъҷонов соли 2008 ҳамчун табиби ҷарроҳ ба Маркази давлатии воҳидии ташхис ва муолиҷавии назди БКШ №1 шаҳри Хуҷанд ва баъдан ҳамчун муовини директори маркази номурда фаъолияташро идома бахшида, то охири умр  баҳри барқарор намудани саломатии шаҳрвандони шаҳру навоҳии вилоят хидмат намудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.