расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Бачаи 16-сола 9000 сомониро дуздиду...

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа / Ҳаводис

Бачаи 16-сола 9000 сомониро дуздиду...

Бепарвоии падару модарон дар тарбияи фарзанд, аз назорат дур мондани ноболиғон ва косташавии ахлоқи насли наврас боиси сол то сол бештар шудани ҷинояту ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон мегардад.

Вазорати умури дохилии кишвар аз боздошти боз як бачаи ноболиғ бо гумони содир кардани ҷинояти дуздӣ хабар додааст.

Тавре ки манбаъ мегӯяд, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия як бачаи ноболиғи 16-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳамчун гумонбар дар содир кардани ҷинояти дуздӣ ба даст афтидааст.

Номбурда шаби 13 ба 14-уми июни соли 2022, тахминан соати 04:00 бо роҳи пинҳонӣ аз дохили автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», ки ба як ҷавонмарди 26-солаи сокини ноҳияи мазкур тааллуқ дорад, 9 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Оид ба ин ҳодиса бо қисми 2-и моддаи 244-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфта, тафтишоти ин қазия идома дорад. 

Сарчашма:оила тҷ

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.