расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Шаҳрдории Душанбе то бозори “Кӯшониён” хатсайрҳои нав боз кард

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа

Шаҳрдории Душанбе то бозори “Кӯшониён” хатсайрҳои нав боз кард


Аз 1 март бо мақсади мусоидат ба осон шудани равуои мусофирон то маркази савдои “Кӯшониён” ба нақшаи аксари хатсайрҳои нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе тағйирот ворид шуд.
Тавре ки дафтари матбуоти шаҳрдорӣ хабар медиҳад, аз ҷумла ба хатсайри автобусии №41 (дарвозаи Ғарбӣ - бозори Кӯшониён) аз самти маркази савдои “Балх”, тавассути хиёбонҳо ва кӯчаҳои Н. Ганҷавӣ, Ҷ. Расулов, Б. Ғафуров, Н. Махсум, А. Навоӣ, Карамов, Ҳ. Шерозӣ то маркази савдои “Кӯшониён” тағйирот ворид карда шудааст.
Ҳамчунин ба хатсайри микроавтобус (маршрутка)-и №19 (маҳаллаи Пахтакор - боғи Хайём) аз самти маҳаллаи Пахтакор тавассути кӯчаҳо ва хиёбонҳои Борбад, Шестопалов, Маяковский, С. Шерозӣ, А. Сино, М. Шерализода, Н. Ҳувайдуллоев, И. Сомонӣ, Ҳ. Шерозӣ то маркази савдои “Кӯшониён” низ тағйирот сурат гирифтааст.
Гуфта мешавад,  ҳамзамон ҳамарӯза аз маркази савдои “Кӯшониён” нақлиёти ҷамъиятии зерин ба мусофирон хидматрасонӣ мекунад:
хатсайри автобусии №29 (Маҳаллаи Пахтакор - бозори Кӯшониён), хатсайри автобусии №33 (Фурӯдгоҳи кӯҳна - бозори Кӯшониён);
хатсайрҳои микроавтобусии №12 (кӯли “Чорбоғ”- МТМУ №61), №21(кӯчаи Гагарин -(ҳалқавӣ)), №52 (Терминали дарвозаи ҷанубӣ - бозори “Кӯшониён”;
хатсайри микроавтобуси №53 (кӯли “Чорбоғ”- НФС “Газпром”).
Шаҳрдории пойтахт аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки аз хизматрасонии хатсайрҳои автобусии муосири ватанӣ ва хатсайрҳои микроавтобусии болозикр истифода баранд.
Ёдрас мекунем, ки бо ифтитоҳи бозори “Кӯшониён” дар канори пойтахт, дар наздикии Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 ду бозор - “Ҷал-Ҷам” ва “Султони Кабир” баста шуда, савдогарони ин бозорҳо ба бозори нав кӯчонида шуданд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.