расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Далери Имомалӣ куҷост? Ба зангҳо посух намедиҳад

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа

Далери Имомалӣ куҷост? Ба зангҳо посух намедиҳад


Ба иттилои як манбаъ, рӯзноманигор ва блогери маъруф Далер Имомалӣ тақрибан, соати 15-50-и рӯзи 27-уми январ, замоне ки дар назди ҳукумати шаҳри Ваҳдат гузориш сабт мекард, аз сӯйи афроди ношинос, ки дар тан либоси мулкӣ доштанд дастгир ва ба сӯйи номаълуме бурда шудааст.
Дар ҳоли ҳозир Далери Эмомалӣ, аз соати 16.00 ба ин сӯ ба зангҳои телефонӣ ва паёмҳо посух намедиҳад, ҳарчанд телефони ӯ фаъол аст ва занг (гудок)-ро қабул мекунад.
Далер,  рӯзи 26-уми январ ба бархе аз ҳамкасбон гуфтааст, ки ба унвонии ӯ аз шаҳри Ваҳдат шикоятҳои зиёд омадааст ва фардо барои таҳияи гузориш ба ин шаҳр меравад ва бо мақомоти гуногун суҳбат мекунад.
Рӯзи 27-уми январ, Далер аз шаҳри Ваҳдат ба бархе аз ҳамкасбон занг зада ва гуфтааст, ки машғули таҳияи гузориш аст ва бояд то соати 17.00 баргардаду дар нишасти матбуотии сафири Фаронса дар Тоҷикистон ширкат кунад.
Як хабарнигори маҳаллӣ дар Ваҳдат мегӯяд, ҳангоме ки Далер дар  рӯ барӯйи бинои Ҳукмати шаҳри Ваҳдат, дар назди Қасри Фарҳанг машғули сабти видео буд, чанд нафар ношинос бо либосҳои мулкӣ аз мошинҳои сиёҳшиша “Тайота Камри”, “Тайота Корола” ва “Мерседес” баромада ӯро ба назди худ даъват карданд. Баъди суҳбати кутоҳ, нафароне, ки аз мошинҳо баромада буданд, ӯро яке аз мошин савор карда бо худ бурданд.Аммо ин хабарнигор мегӯяд, ки дар фосилаи дур қарор дошт ва натавонист рақами давлатии мошинҳоро бубинад.
Аз ВКД шаҳри Ваҳдат ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки ба шуъбаи онҳо нафареро бо ин ном наовардаанд ва ин ниҳод ин нафарро боздошт накардааст.
Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ҳам дар як тамоси телефонӣ ба “Азия-Плюс” гуфт, ки бо ШВКД-и шаҳри Ваҳдат дар тамос шудаанд, вале аз ин шуъба гуфтаанд, ки ҳеч маълумоте дар бори Далери Эмомалӣ  ва ҳидисае, ки гуфта мешавад надоранд.
Далер Имомалӣ, хабарнигор, коргардон ва блогери тоҷик аст, ки дар ин авохир бо таҳияи гузоришҳои видеоӣ дар бораи мушкилоти мардум аз шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар ва нашри онҳо дар саҳфаҳои шабакаҳои иҷтимоии марбут ба худаш, хеле ҳаводор дошт.Ӯ то як моҳ пеш дар радиои “Ватан” кор мекард, вале дар шабакаи саҳфаи фейсбукияш навишт, ки корро дар расона тарк мекунад ва тарҳои дигареро мустақилона пеш мебарад.
Далер Имомалӣ, дар ин авохир аз сӯйи Эътилофи бонувони журналистӣ Тоҷикистон унвони “Шаҳрванди сол”-ро барои фаъолиятҳои маданияш ба даст овардааст.
Read more: https://asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/incidents/20220127/daleri-imomal-kuost-ba-zango-posuh-namediad

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.