Шикасти “Атлетико Мадрид” аз “Барселона”

Дастаи “Атлетико Мадрид” дар даври ниманиҳоии Ҷоми Испания

дар варзишгоҳи “Висенте Калдерон” дастаи “Барселона”-ро пешвоз гирифт. Бозӣ байни дастаҳо бо ҳисоби 1:2 ба нафъи футболбозони “Барселона” анҷом ёфт. Дар дақиқаи 7-уми дидор Луис Суарес ҳамлагари мумтози дастаи “Барселона” як тӯби зеборо ба дарвозаи “Атлетико” зада, дастаашро пеш баровард. Баъдан дар дақиқаи 33-юми бозӣ Лионел Месси чун ҳарвақта корашро анҷом дод, голи зебои ӯ ҳисоби бозиро 0:2 кард. Дастпарварони Диего Симеоне як маротиба муваффақ шуданд. Дар дақиқаи 59-уми дидор Антуан Гризманн ҳисоби бозиро 1:2 намуд. Ҳамин тариқ бошгоҳи “Барселона” дар меҳмонӣ бо ҳисоби 1:2 ғалаба намуд. Бодя қайд кард, ки бозии ҷавобӣ байни дастаҳо 7-уми феврали соли ҷорӣ дар варзишгоҳи “Камп Ноу” дар назар аст. 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон