AFC-2017: «Истиқлол» ва «Ҳосилот» дар минтақаи Марказӣ

Кумитаи иҷроияи Конфедератсияи футболи Осиё

шакли ҷадиди баргузории бозиҳои Ҷоми АФК-ро, ки аз лиҳози мақому манзалат дар қораи Осиё дуюмин мусобиқот ба шумор меравад, қабул намуд. Сар аз соли 2017 бозиҳо дар доираи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё дар панҷ минтақа барпо хоҳад гашт. Минтақаи ғарбӣ, ки солҳои охир пешсафиро дар ихтиёр дорад, бетағйир боқӣ монда, ғолиби он ҳаққи ширкат дар даври ниҳоиро ба даст меорад. Барои роҳхати дуюм ба даври финалӣ ғолибони чор минтақаи боқимонда, аз ҷумла минтақаҳои Шарқӣ, Уқёнус, Марказӣ ва Ҷанубӣ талош хоҳанд кард. Қаҳрамони феълии Тоҷикистон дастаи "Истиқлол"-и Душанбе рақобатҳои худро аз даври гурӯҳии Ҷоми АФК-2017 оғоз мекунад. Дастаи дигари кишвар дастаи "Ҳосилот", ки дар мусобиқоти дохилӣ нишонҳои нуқраро аз худ кардааст, аз марҳилаи плей-офф вориди майдони рақобат мешавад. Барои расидан ба марҳилаи гуруҳӣ дастаи «Ҳосилот»-ро зарур аст то ду марҳиларо муваффақона пушти сар кунад. Чуноне маълум аст дар марҳилаи аввал барандагони нишони нуқраи Чемпионати Тоҷикистон бо қаҳрамони Афғонистон ва дар марҳилаи дигар бо ғолиби ҷуфти Балкан (Туркманистон) ва "Дордой" (Қирғизистон) мубориза мебаранд. Бозиҳои марҳилаи плей-офф аз ду вохӯрӣ, яъне рафту баргашт иборатанд. Ба се дастаи Осиёи Марказӣ - "Истиқлол"-и Тоҷикистон, "Алтин Асир"-и Туркманистон ва "Алай"-и Қирғизистон, ки мустақиман ба марҳилаи гуруҳӣ роҳ ёфтаанд, ғолиби даври плей-офф мепайвандад. Таъкид менамоем, ки танҳо ғолиби даври гурӯҳии минтақаи Марказӣ, ки Тоҷикистон низ шомили он аст, ба даври чорякниҳоии мусобиқаи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2017 барои худ роҳ мекушояд. 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон