расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » “Сомон Эйр” нархи билетҳоро ба парвозҳои чартерӣ арзон кард

Асосӣ / Ҷомеа

“Сомон Эйр” нархи билетҳоро ба парвозҳои чартерӣ арзон кард

Акнун парвозҳои чартерӣ аз Тоҷикистон ба Русия зиёдтар мешаванд.

Сурат: Александр Южный
Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” эълон кард, ки нархи билетҳоро ба парвозҳои чартерӣ аз Русия ба Тоҷикистон арзон мекунад. То кадом андоза, алҳол номаълум аст. Акнун парвозҳои чартерӣ аз Тоҷикистон ба Русия зиёдтар мешаванд.

Дар саҳифаи ширкат дар шабакаи иҷтимоии Facebook қайд мешавад, ки дар робита ба иҷозаи аз Тоҷикистон ба Русия бурдани шаҳрвандони ин кишвар ва мутаносибан қисман таъмин шудани шумори зарурии мусофирон дар ҳавопаймо аз самти Тоҷикистон ба Русия, раҳбарияти ширкати ҳаввопаймоӣ тасмим гирифт, ки арзиши билетҳоро ба ҳамаи хатсайрҳо аз Русия ба Тоҷикистон то 31 август арзон мекунад.
То ин дам муяссар нашуд, ки бо нмояндагони ширкати ҳавопаймоӣ дар тамос шавем, то бифаҳмем, ки нархи билет то кадом андоза поин рафтааст.
Хадамоти матбуоти “Сомон Эйр” хотиррасон мекунад, ки мувофиқи талаботи санитарӣ-эпидемиологии пешгирӣ аз сирояти COVID-19 ҳамаи мусофирон ҳатман бояд ниқоб ва дастпӯшак дошта бошанд.
Хадамоти матбуоти “Сомон Эйр” хотиррасон мекунад, ки мувофиқи талаботи санитарӣ-эпидемиологии пешгирӣ аз сирояти COVID-19 ҳамаи мусофирон ҳатман бояд ниқоб ва дастпӯшак дошта бошанд.Read more:https://asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/society/20200825/somon-eir-
Гуфта мешавад, мусофироне, ки дар онҳо таби баланд ё аломатҳои беморӣ ба мушоҳида мерасад, ба ҳавопаймо роҳ дода намешаванд.
Субҳон Икромзода, роҳбари департаменти авиатсияи граждании ҷумҳурӣ қаблан дар мавриди нархи билетҳо ба парвозҳои чартерӣ изҳор дошта буд, дар парвозҳои чартерӣ ба хароҷот аз 40% илова мешавад.
“Яъне, дар ин ҳолат ҳамаи хароҷот, аз ҷумла барои сӯзишворӣ, аэронавигатсия, хизматрасонии фурудгоҳ ва ғайраро ҳар кадоме аз ширкатҳо бояд ҳисоб кунанд ва мувофиқи нархгузорӣ, ширкатҳо бо иловаи фоидаи муайян барои фаъолияти минбаъда нархи билетро муқаррар мекунанд”, - гуфта буд ӯ.


Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.