расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Ҳабси маъмурии 7 рӯза оқибати худнамоии се ҷавон

. / Ҳаводис

Ҳабси маъмурии 7 рӯза оқибати худнамоии се ҷавон

670
Паҳн гаштани наворҳои халалдоркунандаи тартибот дар шабакаҳои интернетӣ ва шарҳу эроди истифодабарнадагони сомонаҳо сабаб шуд, ки нисбати ронандаи сабукрави тамғаи «Деу-Нексия»-и дар навор инъикос ёфта аломати қайди давлатиаш TJ 1710 MA 02 Азизов Шуҳрат Баҳромович ва ду рафиқи ӯ Боиров Эраҷ Фирдавсович, Ахунов Баҳодур Мақсудҷонович соли таваллудашон 2001 истиқоматкунандагони маҳаллаи 18-уми шаҳри Хуҷанд милитсия таъсиррасонии ҳуқуқӣ тадбиқ намуда, ҳар се иштирокчии ҳодисаро ҷавобгар намояд.
Тавре дар навор дида мешавад ҷавонон дар кӯчаи марказии шаҳри Хуҷанд хиёбони Исмоили Сомонӣ ба каҷрафтори роҳ дода намоишкорона аз дохили воситаи нақлиёт тавассути оина пои худро берун бароварда, бо ҳамин усул афзалияти худро нишон дода худнамоӣ кардаанд. Қобили қайд аст, ки чунин рафтор гувоҳи костагии ахлоқ мебошад на нуфӯз дар ҷомеа.
Милитсияи шаҳри Хуҷанд шахсияти ҷавонони беинтизомро муайян ва барои халалдоркардани тартиботи ҷамъиятӣ дар асоси моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ парвандаи маъмурӣ тартиб дод.
Ҳабси маъмурии 7 рӯза оқибати худнамоии се ҷавон аст, ки бо қарори Суди шаҳри Хуҷанд тадбиқ гардид.
Акбар Шарифӣ, майори милитсия

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.