Бозии таҷрибавии «Истиқлол» бо КМВА «Помир» 10 январ барпо мегардад

ДУШАНБЕ, 5.01.2016. Чемпиони Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе бозии таҷрибавӣ ва санҷишии дуюми худро бо КМВА «Помир» дар Варзишгоҳи мараказии ҷумҳуриявӣ 10 январ доир мекунад. Дар ин бора сомонаи клуб хабар медиҳад.
Ин дуюмин бозии таҷрибавии дастаи «Истиқлол» дар доираи омодагӣ ба бозиҳои мавсими соли 2016 ва Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) ба шумор меравад. Дар бозии санҷишии аввал бо дастаи «Ҳосилот» -и Фархор натиҷаи мусовии 2:2 ба қайд гирифта шуд.
«Истиқлол» баъди 17 январ дар идомаи тайёриҳо ба мавсими нав ба шаҳри Анталияи Туркия сафар мекунад ва то 31-уми январ бо баргузор кардани чор бозии дӯстонаи байналмилалӣ тайёриро ба мавсими соли 2016 ба анҷом мерасонад.
Алҳол дар бораи тағйирот дар ҳайати даста маълумот дода нашудааст.
назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон