расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Як додгоҳи Қирғизистон 11 шаҳрванди Тоҷикистонро ҷарима баст

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҳаводис

Як додгоҳи Қирғизистон 11 шаҳрванди Тоҷикистонро ҷарима баст


Додгоҳи ноҳияи Лайлаки Қирғизистон 11 шаҳрванди Тоҷикистонро ҷарима баст. Ин шаҳрвандон 29 апрел ба далели убури ғайриқонунии марз боздошт шуда буданд.
Дар ин бора аз додгоҳи вилояти Бодканди Қирғизистон ба расонаҳо хабар доданд.
Додгоҳ рӯзи 3 июн ҳар кадоме аз шаҳрвандони боздоштшудаи Тоҷикистонро наздики 600 долларӣ ҷарима баста.
Ҳамаи шаҳрвандони ҷаримашуда сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулови Тоҷикистон ҳастанд ва мақомоти Қирғизистон онҳоро бо гумони убури ғайриқонунии марз боздошт карда буданд.
Ҳамзамон, расонаҳои Қирғизистон иттилоъ медиҳанд, ки дар соли 2021 мақомоти Тоҷикистон 39 шаҳрванди Қирғизистонро бо гумони убури ғайриқонунии марз боздошт ва маҳкум кардаанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.