расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Таҳқиқ: Оё тақсими ёриҳои давраи коронавирус шаффоф буд?

. / Ҷомеа

Таҳқиқ: Оё тақсими ёриҳои давраи коронавирус шаффоф буд?

Ҳисоботи комили дахлу харҷи кӯмакҳо дар давраи пандемия дастраси ҷомеа нашуд!

Сурат: khovar.tj
Ҳанӯз пеш аз тасдиқи расмии мавҷудияти пандемияи COVID-19 дар Тоҷикистон чандин кишвару созмонҳои байналхалқӣ эълон карданд, ки барои пешгирӣ ва мубориза бо бемории ҳамагир ба Тоҷикистон кӯмак фиристоданд. Ирсоли кӯмакҳо баъд аз тасдиқи мавҷудияти COVID-19 дар таърихи 30-уми апрели соли 2020 низ идома карданд.
Ба далели он ки кӯмакҳои башардӯстона қисман дар шакли маблағ, қисман дар шакли дору, дастгоҳҳои тиббӣ, васоили назофатӣ ва маводи ғизоӣ ворид шуд, ҳаҷми умумии онҳо бо ҳисоби доллари ИМА муайян нест. Аммо дар ин баробар, тақсими кӯмакҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, саҳифаҳои расонаҳо ва миёни сокинон баҳсҳо ва шубҳаҳои зиёдеро ба бор овард. Дар пайи шубҳаву интиқоди сокинон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ даст ба кор шуданд ва аз куҷо расидану ба куҷо тақсим шудани кӯмакҳоро санҷиданд. Мақомот аз натиҷаи санҷиш чӣ ба даст оварданд – дастраси расонаҳо нашуд –вале интиқоди сокинон чандон ҳам беасос набуд…
Оё дар воқеъ тақсими кӯмакҳои башардӯстона шаффоф сурат гирифт? Дар таҳқиқоти журналистӣ талош шуд, ба ин суол посух пайдо шавад.

Кӯмакҳо аз хориҷи кишвар куҷо шуданд?!

Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон иттилоъ дод, ки то моҳи июни соли 2020 барои пешгирӣ аз паҳншавӣ ва мубориза бо COVID-19 аз ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои хориҷӣ кӯмакҳои мухталиф ворид шудааст. Ба иттилои Вазорат, аз ҷумла аз тарафи Хазинаи байналмилалии асъор 189,5 миллион доллари ИМА қарзи бефоиз, Бонки Осиёии Рушд 50 миллион доллари ИМА, Бонки Ҷаҳонӣ 11,3 миллион доллари ИМА, Бонки Исломии Рушд 9,4 миллион доллари ИМА, Ҳукумати Олмон 1 миллион евро, шарикони рушд ва ташкилотҳои дигари байналмилалӣ кӯмакҳои молии гуногунҳаҷм расониданд, ки қимати онҳо ба 9,1 миллион доллари амрикоӣ баробар буд.
Як қисмати бузурги ин кӯмакҳо барои таъмин ё сохтмони беморхонаҳо, қисми дигар барои харидории дастгоҳҳои тиббӣ ва миқдори муайяне аз кӯмакҳо барои харидории дору ва васоили ҳифозатии тиббӣ ба ҳисоб гирифта шуда буд. Барои мисол, тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон ба мо хабар доданд, аз моҳи март то оғози моҳи ноябри соли 2020 Ҳукумати ИМА барои мубориза бо пандемияи COVID-19 ва оқибатҳои он дар Тоҷикистон, ба маблағи беш аз 5 млн. доллари ИМА кӯмак расонидааст.
Ин кӯмакҳо дар шакли пешниҳоди таҷҳизот, баргузории давраҳои омӯзишӣ ва анҷоми машваратҳо расонида шудааст. «Ҳеч кадоме аз ин кӯмакҳо дар шакли интиқоли мустақими пул ба Ҳукумати Тоҷикистон ва ё сохторҳои давлатии ин кишвар, сурат нагирифтааст. Иҷрои бисёре аз лоиҳаҳо ҳанӯз идома доранд, бинобар ин маблағҳо пурра харҷ нашудаанд. Қисми зиёди маблағҳо барои пардохти маоши ҳамоҳангсозон ва тренерони лоиҳа равона карда шудааст».
Гуфта мешавад, ягона кӯмаке, ки бевосита ба Ҳукумати Тоҷикистон расонида шудааст, ин таҷҳизоти муҳофизатии шахсӣ ва лавозимоти беҳдоштӣ аст, ки ба Вазорати тандурустӣКумитаи ҳолатҳои фавқулода ва Гвардияи миллии ҷумҳурӣ тақдим гаштааст.
ИНФОГРАФИКА
Ба ҷуз аз кӯмакҳои кишварҳои хориҷ ва созмону ташкилотҳои байналмилалӣ шаҳрвандони Тоҷикистон низ ба суратҳисоби вижае, ки барои мубориза бо коронавирус созмон дода шуда буд, кӯмакҳои зиёде карданд. Вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода дар нишасти матбуотии нимсолааш хабар дод, ки як шаҳрванди Тоҷикистон аз Русия барои муолиҷаи гирифторонипандемияиCOVID-19, 100 ҳазор доллари ИМА додааст. Ҳамин тариқ, тибқи омори расмӣ, дар суратҳисоби махсуси COVID-19 дар Вазорати молия танҳо то моҳи июни соли 2020 беш аз 11 миллион сомонӣ хайрияи сокинон ҷамъ шуда буд.
Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Шӯрои Созмони Миллали Муттаҳид дар як ҳисоботи худ, танҳо ҳаҷми кӯмакҳои пулиеро, ки то охири моҳи июн аз ҷониби ташкилотҳои байналмилалӣ барои мубориза бо COVID-19 дар Тоҷикистон ҷудо шудааст, ҳудуди 397 миллион доллари ИМА ҳисоб кардааст.
1/7

Доруворӣ, воситаҳои ҳифозатӣ ва дастгоҳҳои тиббӣ…–то куҷо ин кӯмакҳо кифоя буданд?

Дар авҷи пандемияи COVID-19ба ҷуз кӯмакҳои молӣ ба Тоҷикистон аз хориҷа намудҳои дигари кӯмак низ ворид гардид. Бонки Осиёии Рушд ба мо хабар дод, ки танҳо 12-уми майи соли 2020 ба Тоҷикистон ба маблағи 100 ҳазор доллариИМАвоситаҳои ҳифозатӣ додааст.
«12-уми май ба Тоҷикистон таҷҳизоти муҳофизатии инфиродӣ ва лавозимоти тиббӣ расонида шуд, ки аз тарафи ИМА дар ҳаҷми 100 ҳазор доллар маблағгузорӣ шуда буд. Ин васоил аз ниқобҳо, дастпӯшакҳо, ҷомаҳо, костюмҳои муҳофизатӣ, термосканерҳо, воситаҳои гигиенӣ, антисептикҳо, пробиркаҳои гуногуни озмоишӣ ва дигар ашёи тиббӣ иборат буданд», - иттилоъ доданд аз Бонки Осиёии Рушд.
Бино ба иттилоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, аз ҷониби Русия, Чин, Ӯзбекистон, Эрон, Озарбойҷон, Афғонистон ва 47 ташкилоту ширкатҳо зиёда аз 300 номгӯи таҷҳизоти тиббӣ, маводи доруворӣ, муҳофизатӣ, безараркунанда ва лабораторӣ (дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, оксигенератор, ниқобҳои муҳофизатӣ, либоси махсуси муҳофизатӣ, термометри фосилавӣ, каллапӯш, бахил, маҳлули антисептикӣ, хокаи хлор, халтаи яккаратаи тиббӣ, тестҳои ташхиси COVID-19 ва ғайра) ба маблағи умумии 41 миллиону 267 ҳазор сомонӣ дастрас гардид.
1/5
«Кӯмакҳои башардӯстонае, ки ҷиҳати пешгирии интиқол ва паҳншавии бемории COVID-19 ба ҷумҳурӣ ворид гардидаанд, ҷиҳати таъмин намудани шароити мусоид барои табибон ва нафароне, ки бо қарантини муваққатӣ фаро гирифта шудаанд, инчунин бемороне, ки дар муассисаҳои табобатӣ муолиҷа гирифта истодаанд, ба як қатор муассисаҳои табобатӣ ва осоишгоҳҳо дастрас гардиданд», - посух доданд аз Вазорат.
Ба иттилои ин ниҳод, кӯмакҳои воридшуда ба Раёсати тандурустии ВМКБ, Раёсати тандурустии вилояти Суғд, Раёсати тандурустии вилояти Хатлон (минтақаи Бохтар), Раёсати тандурустии вилояти Хатлон (минтақаи Кӯлоб) ва дигар беморхонаҳои ҷумҳурӣ ва раёсатҳои тиббии чанд мақомоти қудратӣ тақсим карда шуданд.
Аз Беморхонаи марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов – аввалин минтақа дар Тоҷикистон, ки дар нимаи дуюми моҳи апрели соли 2020 беморхона ва пизишкон ба қарантин гирифта шуданд, гуфтанд, дар давраи пандемияи COVID-19 аз кӯмакҳои башардӯстона ба ин беморхона як дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, як адад оксигенератор ва воситаҳои ҳифозатӣ дода шудааст.
Ба гуфтаи Алишер Абдукаримов– муовини сардухтури ин беморхона, дар рӯзҳои душвори авҷи коронавирус бештар аз соҳибкорону сокинони ноҳия кӯмак дидаанд.
«Аз ҷониби соҳибкорон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба маблағи 51 ҳазор сомонӣ маводи ҳифозатӣ ва дастгоҳҳои тиббиву дору кӯмак карда шуд. Як адад кардимонитор, 5 адад пулсоксиметр ва маҳлули антисептикиву ниқобу либосҳои ҳифозатӣ хеле зиё ворид гардид», - афзуд муовини сардухтур.
Вай гуфт, ҳамчунин дар вазъияти душвор мардум пизишкони беморхонаро, ки дар «минтақаи сурх» қарор доштанд, бо ғизо таъмин мекарданд.
1/2
Ин ягона ҳолате нест, ки мардум даст ба кӯмак заданд. Дар як гузориши Радиои Озодӣ нишон дода шудааст, ки чӣ гуна фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ташаббус намуда, кӯмакҳои сокинонро ҷамъоварӣ ва ба беморхонаҳо тақсим карданд. ОИ «АSIA-Plus»низ дар ин маврид гузориши видеоие нашр кард.
Намунаҳои дасти ёрӣ дароз кардани сокинон ба пизишкон дар лаҳзаҳои ҳассоси давраи пандемиякам нестанд.Вале сарфи назар аз вуруди ҳаҷми зиёди кӯмакҳои башардӯстона ба Тоҷикистон дар давраи пандемияи COVID-19, дар беморхонаҳо норасоии маводи доруворӣ ва дастгоҳҳои тиббӣ ба таври нигаронкунанда эҳсос мешуд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба назари иддае, пизишкони дар «минтақаи сурх» қарордошта бояд аз дастгирии пайвастаи мақомот бархӯрдор бошанд. Барои намуна, дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ, ки дар ҳифзи ҷони беморони гирифтори коронавирус муҳим арзёбӣ мешавад, тибқи таҳқиқоте, ки Радиои Озодӣ нашр кард, бар хилофи гуфтаҳои Вазорати тандурустии кишвар, на ҳамаи беморхонаҳои Тоҷикистон бо дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ таъмин ҳастанд.
Ҳатто аз фурӯши либосҳои ҳифозатӣ ва дигар ашёи тиббӣ Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ 3-уми июли соли 2020 дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд интиқод кард (бойгонӣ).
«Санҷишҳои прокурорӣ ҳолатҳоеро ошкор намудаанд, ки шахсони алоҳида аз вазъи бамиёномада истифода бурда, ба фиреби истеъмолкунандагон даст задаанд. Масалан, мудири анбори Беморхонаи марказии шаҳри Конибодом Муминов Н. аз ташкилоти ҷамъиятии «Имдоди Ғайрат» 15 дона либоси махсуси тиббиро ба маблағи 120 сомонӣ харидорӣ намуда, онро беасос ва ғайриқонунӣ бо нархи 250 сомонӣ фурӯхтааст»,- афзудПешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон.

Кӯмакҳои ғизоӣ

Дар ин давра чанде аз кишварҳо ба Тоҷикистон кӯмакҳои ғизоӣ низ ирсол карданд. Қазоқистон ба Тоҷикистон 5 тонна орд ва Ӯзбекистон дар 18 вагон орду таҷҳизоти муҳофизати шахсӣ фиристоданд.
Аз ҷамъи кӯмакҳои воридшуда, бар пояи иттилои Вазорати тандурустӣ, аз номи Раисҷумҳури Тоҷикистон ба вилояти Суғд 900 тонна маводи озуқа ва доруворӣ, ба вилояти Хатлон 1350 тонна маводи озуқа ва доруворӣ, ба шаҳру навоҳии ВМКБ 500 тонна маводи хӯрокворӣ ихтисос дода шудааст.
Алишер Абдукаримов, муовини сардухтури Беморхонаи марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов гуфт, давраи аввали пандемия ба кормандону пизишкони ин бемористон аз ҷониби мақомот маводи ғизоӣ кӯмак карда шуд.
«Ба 152 нафар кормандони беморхона, сар карда аз ронанда то муовини сардухтур картошка, нахӯд, равған, орд ва пул тақсим кардем», - афзуд Абдукаримов.
Ин ҳам дар ҳоле, ки ҳаҷми кӯмакҳои ғизоӣ баҳсҳои зиёдеро ба бор оварда буд. Рӯзноманигор Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар саҳифаи фейсбукиашнавишт (бойгонӣ), барои модари ӯ, ки дар беморхонаи шаҳри Кӯлоб кор мекунад, 400 грамм гречка, 600 грамм макарон, 800 грамм биринҷ, 800 грамм равған, 1,6 кг картошка, 4 кг пиёз, 10 кг орд, 10 кг сабзӣ ва 1 дона карам расидааст.

Оҷонсии зидди фасод тақсими кӯмакҳоро месанҷад

Созмонҳое, ки дар ин давра ба Тоҷикистон дасти кӯмак дароз карданд, мегӯянд, дар расонидани кӯмакҳо ба сокинон бевосита ширкат накардаанд, вале онро ба зиммаи Вазорати тандурустии кишвар гузоштаанд.Аз Бонки Осиёии Рушд, ки дар ин давра ба ҷумҳурӣ беш аз 50 миллион доллар кӯмак кардааст, гуфтанд, тақсимоти кӯмакҳоро бар дӯши Вазорати тандурустӣ вогузоштанд.Масъулини ЮНИСЕФ дар бораи тақсими кӯмакҳо чунин посух доданд:
«Дар ҳамкории зич бо Вазорати тандурустӣ ва дастгирии молиявии шарикон, ЮНИСЕФ харидимаводи заруриро барои мубориза бо паҳншавии COVID-19 дар асоси рӯйхатҳои аз ҷониби Вазорати тандурустӣ тартибдодашуда, ки дар онҳо ниёзҳои муассисаҳои тиббӣ ва кормандони тиб дар саросари кишвар оварда шудааст, дастгирӣ мекунад».
Дар идома аз ин ташкилот гуфтанд, ки раванди тақсимоти кӯмакҳои башардӯстона бевосита аз ҷониби ташкилот анҷом наёфта, он тавассути Вазорати тандурустӣ ва як қисми он бо кӯмаки Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар дар Тоҷикистон тақсим карда шудааст.
Дар пайи мавҷи танқидҳои шадид аз тақсимоти кӯмакҳои башардӯстона Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон зимни як вохӯрии вижа бо пизишкон, ки санаи 20-уми майи соли гузашта сурат гирифт, аз Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо COVID-19 ва Оҷонсии зидди фасод хост, масъалаи тақсиму истифодаи кӯмакҳоро ҷиддан назорат баранд. Раисҷумҳуринчунин ба мақомоти Вазорати тандурустӣ ва масъулони шифохонаҳо низ таъкид намуд, ки пулҳои буҷа, ёриҳои байналмилалӣ ва соҳибкорону хайрхоҳонро сарфакорона харҷ намоянд.
Аммо то ҳол аз натиҷаи назорат ва санҷишҳои мақомоти болозикр чизе оммавӣ нашудааст. Танҳо Оҷонсии зиддифасод дар ин давра аз он хабар додааст (бойгонӣ), кибо мақсади пешгирии ҳолатҳои ба фурӯш баровардани маводи дорувории пастсифат ва қалбакӣ, инчунин ба таври сунъӣ баланд бардоштани нархи онҳомасъулини чанд дорухона боздошт шудаанд.

Дар робита ба ин, дар Беморхонаи марказии ноҳияи Қубодиён моҳи июли соли 2020 дар як суҳбати бидуни дастгоҳи сабтӣ ба мо гуфтанд, ки мақомоти Оҷонсии зидди фасод наздики як моҳ дахлу харҷи кӯмакҳоро санҷиданд. Дар чанд беморхонаи дигари ноҳияҳои кишвар низ аз санҷиши кӯмакҳои башардӯстона аз сӯйи кормандони Оҷонсии зидди фасод хабар доданд.

Табобати коронавирус ройгон ё пулакӣ?

Беморе бо нашри наворе аз беморхонаи маъруф ба Қарияи Болои шаҳри Душанбе шикоят кард, ки дар бистари беморист ва аз ҳеч кӯмаки ройгон баҳравар нашудааст.
«Мо дар ҳамин беморхона бистарием. Ҳамаи он чизҳое, ки аз дигар давлатҳо ройгон ворид мешавад, куҷо мешавад? Ягон чизи моро аз тарафи давлат ройгон надоданд. На дору, на сӯзандору, ҳатто як ниқоби тиббӣ надоранд, ки барои шаҳрвандон диҳанд. Мо аз духтурон ниқоб мепурсем, нестмегӯянд, дар ҳоле, ки ҳар се соат бояд ниқобро иваз кард…», - гуфт ин бемор.
Нашри ин навор дар ҳолест, ки тибқи Фармони Раисҷумҳури Тоҷикистон, нигоҳубин ва табобати шаҳрвандоне, ки ба бемории СOVID-19 сироят ёфтаанд, ройгон гуфта мешуд. Мақомоти тандурустӣ низ ҳамвора исрор мекарданд, ки табобати беморони гирифториCOVID-19 пурра ройгон аст. Ба навиштаи расонаҳо,танҳо як гурӯҳи хурде гуфтанд, ки қисман ба онҳо табобати бепул пешниҳод шуд, аммо бисёре аз беморон изҳор доштанд, ки аз ҳисоби худ табобат мешаванд.
Пӯлодзода Муҳаммад
Пӯлодзода Муҳаммад, муовини сартабиби Беморхонаи марказии ноҳияи Қубодиён дар сӯҳбат бо мо афзуд, ки дар ҷараёни табобати беморони гирифтори COVID-19 беморхона имкони сад дарсад бо маводи табобатӣ таъмин кардани беморронро надошт. Ин масъули беморхона гуфт, аз моҳи апрел то моҳи июни соли 2020 ба ин беморхона 29 нафар бо ташхиси COVID-19 бистарӣ шуданд ва дар умум 60-70%-и маводи доруворӣ ба ин беморон ройгон дода шуд ва боқимонда доруҳоро наздикони худи беморон дастрас карданд.
Як пизишк аз Беморхонаи клиникии минтақавии шаҳри Хуҷанд ба номи Қутфиддинов– яке аз калонтарин беморхонаҳои вилояти Суғд, ки замони пандемия ба қарантин ва сипас, ба дармонгоҳи табобатии гирифторониCOVID-19табдил дода шуд, ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, «дар воқеъ, барои гирифторони COVID-19 ҳамагӣ чанд дору, аз ҷумласефтриаксон, метрогил, сӯзандору, ду намуди ҳабдору ва спирту пахта бепул дода мешуд. Боқимонда доруҳоро худи наздикони беморон харидорӣ мекарданд. Беморон барои 2-3 рӯзи табобат то 2-3 ҳазор сомонӣ маводи доруворӣ харидорӣ мекарданд», - афзуд, мусоҳиби мо.

Кӯмакпулиҳо ба оилаҳои камбизоат: кӣ гирифту кӣ не?

Бо назардошти паёмаду таъсири пандемияи COVID-19ба вазъи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон аз ҷониби ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ барои оилаҳои камбизоат ва нафарони осебпазири кишвар кӯмакҳои гуногун пешбинӣ шуда буд. Швейтсария аз тариқи Оҷонсии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ ба Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ (БОҶ) 1.1 миллион доллари ИМА ҷудо намуд (бойгонӣ). Ин маблағҳо барои дастгирии оилаҳои камбизоат пешбинӣ шуда, ба 18 ҳазор шахсони осебпазир, ки бевосита аз таъсири иҷтимоӣ ва иқтисодии пандемияиCOVID-19зарар дидаанд, кӯмак расонида мешавад.
Аз Бонки Ҷаҳонӣ ба мо гуфтанд, ки яке аз самтҳои асосии лоиҳае, ки барои дастгирии Тоҷикистон баҳри мубориза боCOVID-19пешбинӣ намудаанд, ҳифзи қишри осебпазири аҳолӣ аст. Дар асоси ин лоиҳа барои мубориза алайҳи COVID-19 ба 50 ҳазор оилаи камбизоати дорои кӯдакони то 3-сола дар тамоми 68 ноҳияи Тоҷикистон кӯмакпулии иҷтимоии якдафъаина ба андозаи 500 сомонӣ таъйин ва пардохт карда мешавад.
Аммо то ҳол аз натиҷаи тақсимоти ин кӯмакпулиҳо ба 50 ҳазор оилаи камбизоат чизе расонаӣ нашудааст. Вазорати тандурустии кишвар хабар дод, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷа ба 390 ҳазору 251оилаи камбизоат кӯмакпулии якдафъаина ба маблағи 400 сомонӣ расонида шудааст, ки ин кӯмакпулиҳо аслан ба он маблағе, ки аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ махсус ҷудо шудааст, рабт надорад. Тавре дар боло зикр кардем,тақдири он кӯмакпулиҳо барои 50ҳазороилаи камбизоати дороикӯдакони то 3-сола ва 18 ҳазор шахсони осебпазири аз таъсири иҷтимоӣ ва иқтисодии пандемияи COVID-19зарардида, ки Оҷонсии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ ба Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ ихтисос додааст, ҳамоно норӯшан боқӣ мемонад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.