расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Ҷавони 18-сола бо 120 ҳазор дона «хлопушка» дастгир шуд

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа

Ҷавони 18-сола бо 120 ҳазор дона «хлопушка» дастгир шуд

Дар натиҷаи роҳандозӣ намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Душанбе сокини шаҳри Душанбе Билол Фарҳодов, соли таваллудаш 28.11.2003 бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводҳои тарфгарӣ дастгир карда шуда, аз ӯ ба миқдори махсусан калон 120-ҳазор дона хлопушка мусодира гардид.
Гарчанде дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи қонунгузории кишвар хариду фуруш ва истеҳсолу паҳн намудани маводҳои пиротехникӣ-хлопушка манъ гардида бошад ҳам, мутаассифона баъзе аз тоҷирону савдогарон манфиатҳои молиявии шахсии худро аз талаботи қонунгузорӣ боло шуморида, ба хотири ба даст овардани маблағ ба таври ғайриқонунӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон маводҳои тарфгариро ворид намуда, ба фурушу паҳнсозии он машғул мешаванд.
Бо назардошти ҳолати мазкур нисбати гумонбаршаванда Фарҳодов Билол тибқи талаботи моддаи 199 иловаи 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, мавриди тафтиши пешакӣ қарор дорад.
Ёдовар мешавем, ки Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо мақсади дар фазои орому осишта таҷлил намудани Соли нави мелодӣ, ҷиҳати муайян ва дастгирсозии паҳнкунандагони маводҳои тарфгарӣ, ҳамзамон пешгирии истифодаи ғайриқонунии он тамоми чораҳои заруриро роҳандозӣ намуда, тамоми қувваҳоро бар он равона месозад, ки дар рӯзҳои таҷлили Соли нав фазои орому осудаи меҳмонону сокинони шаҳри Душанбе таъмин гардад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.