расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Манбаъ: Тағйирот дар телевизионҳо. Раисони нав дар "Баҳористон"-у "Шаҳнавоз"-у Тв "Сайёҳӣ"

Асосӣ / Ҷомеа

Манбаъ: Тағйирот дар телевизионҳо. Раисони нав дар "Баҳористон"-у "Шаҳнавоз"-у Тв "Сайёҳӣ"


Дар бархе аз телевизионҳои давлатии Тоҷикистон тағйироти кадрӣ сурат гирифтааст. Дар ин бора як манбаъ аз Кумитаи телевизион ва радио ба «Ориён» хабар дод.

Бино ба иттилои манбаъ, Дилафрӯз Амирзода аз мақоми мудири телевизиони кӯдакону наврасон — «Баҳористон» озод шуда ва ба симати мудири шабакаи тозатаъсиси  ТВ «Сайёҳӣ» таъйин шудааст.

Ба ҷойи Дилафрӯз Амирзода дар ТВ «Баҳористон» Ҳамза Маҳмудӣ таъин шудааст, ки то ин вақт мудири мактаби махсуси ҷумҳурявии кӯдакони душвортарбия буд.

Ҳамчунин Бахтовари Сайфулло мудири телевизиони мусиқии «Шаҳнавоз» таъин шудааст.

Ба гуфтаи манбаъ, ин тағйирот имрӯз, 25-уми ноябр дар мувофиқа бо ҳукумати Тоҷикистон сурат гирифтааст ва қарор аст чанде пас  қарорҳои марбут нашр шаванд.

Манбаъ ҳамчунин мегӯяд, ки имрӯз дар баробари тағйирот дар бахши телевизион, ҳамчунин дар сохторҳои неруҳои марзбони, мақомоти додгоҳӣ ва сохторҳои нав ҳам тағйирот сурат гирифтааст.

Сарчашма: asiaplustj.info

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.