расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » СММ шумори нави паноҳҷӯёни афғон дар Тоҷикистонро эълон кард

. / Сиёсат

СММ шумори нави паноҳҷӯёни афғон дар Тоҷикистонро эълон кард

Комиссариати олии СММ оид ба гурезагон теъдоди дақиқи паноҳҷӯёни афғон дар Тоҷикистонро, ки ба таври қонунӣ ба ин кишвар омадаанд, эълон кард

Теъдоди паноҳҷӯёни афғон дар қаламрави Тоҷикистон ҳудуди 12 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки ҳамаи онҳо дар паи паноҳандагӣ ҳастанд. Дар ин бора намояндаи минтақавии комиссари олии СММ оид ба Осиёи Марказӣ Ҳанс Фридрих Шоддер хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, нисфи гурезагон аз ин теъдод дар соли 2020 ва қисми дуюмаш соли ҷорӣ, ҳатто қабл аз бастани расмии марзҳо бо Афғонистон ба ҷумҳурӣ омадаанд.

«Онҳо ба таври қонунӣ, тавассути ҳавопаймо, бо раводид ва шиносномаҳо омаданд», — гуфт Шоддер.

Шоддер таъкид кард, ки якҷоя бо дигар ташкилотҳо ба гурезаҳои афғон дар расондани хизмати таълимӣ ва кор ёрӣ мерасонанд.
Дар ҳамин ҳол, қаблан дафтари Комиссариати олии СММ оид ба гурезагон дар Тоҷикистон эълом карда буд, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳудуди 14 ҳазор паноҳандаи афғон ба сар мебарад.

Дар робита ба ин, Тоҷикистон ва Комиссариати олии СММ оид ба гурезагон аллакай чораҳои вокуниш ба ҳодисаи вуруди изофии паноҳҷӯёни афғон ба кишварро баррасӣ кардаанд.

Ҳамин тариқ, Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон бо Шоддер мулоқот карда, вазъи кунунии марзи Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ кардааст.

Ҷонибҳо қайд карданд, ки механизмҳои мавҷудаи ҳамкориҳои КҲФ ва Комиссариати олии СММ оид ба гурезагон ба таҳдидҳои нав, аз ҷумла ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ муқовимат хоҳанд кард.

Сарчашма: ​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.