расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Суҳбат бо падари Абдурозиқ. Ҷавоб ба ҳама «ХАЙП»-ерон! (аудио)

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа

Суҳбат бо падари Абдурозиқ. Ҷавоб ба ҳама «ХАЙП»-ерон! (аудио)

Падари Абдурозиқ дар суҳбат бо сомонаи Pressa.tj аз тамоми ҷузъиёти ҳамкорӣ ва ҷудошавии Барон бо писараш гуфт.
«Барон вақте ки се сол пеш барои ба пойтахт бурдани Абдурозиқ хонаи мо омад мо ҳамроҳаш шартнома бастем ва мувофиқи он фоида аз фаъолият 50 ба 50 буд, вале ман намедонам, ки онҳо дар ҳақиқат чанд сомонӣ кор мекарданд», — мегӯяд падари Абдурозиқ.
Бояд гуфт, ки Абдурозиқ дар навори ҷавобияш ба Барон сабаби ҷудоияшонро дар ноҳақӣ ва хӯрдани пул медонад ва гуфт: «Канӣ 1 миллион рубли барои ҷанги ману Ҳасбиқ? Ман 100 дарсад гарантия медиҳам, ки дар дасти акаи Барон. Бори охир Маскав рафтем, 120 ҳазор сомниро дар корти акаи Шӯҳрат гузарониданд. Канӣ он пулҳо? Ман ин қадар сол чизе нагуфтам. Аллоҳи меҳрубон медонад, киро бизанад».
Падари Абдурозиқ дар суҳбати телефонӣ гуфт, ки аз он як миллион рубли русӣ мо дираме нагирифтем, зеро Барон гуфт, ки пул дар сейфам аст ва ба соҳибаш бармегардонам.
Дар охир ҳамсуҳбати мо дар бобати паёмҳои бешумори корбарони фазои маҷозӣ, ки аксаран бар зиддӣ Абдурозиқ бархостаанд, гуфт, ки ҳоло мардум аз ҳеҷ чиз хабардор нестанд ва хуб мешавад дахолат накунанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.