расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Солеҳ боздошти аъзои "ДОИШ"* дар Афғонистонро дурӯғ хонд: онҳо мухолифинанд

Сиёсат / Ҷаҳон

Солеҳ боздошти аъзои "ДОИШ"* дар Афғонистонро дурӯғ хонд: онҳо мухолифинанд

Амруллоҳи Солеҳ, собиқ ноиби аввали раисҷумҳури Афғонистон, ки баъди фирори Ашраф Ғанӣ худро роҳбари қонунии давлат медонад, иддао дар мавриди боздошти ҳудуди 100 узви «ДОИШ»* аз сӯи толибҳоро дурӯғ хонд

 Собиқ ноиби аввали раисҷумҳури Афғонистон иддаои толибҳоро, ки гӯиё ҳудуди 100 узви созмони террористии «ДОИШ»* — ро дар зиндон андохтаанд, бепоя медонад.

Амруллоҳ Солеҳ бо нашри як изҳорот дар саҳифааш дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфт, афродеро, ки толибҳо террорист мехонанд, аслан собиқ низомиён, ҳомиёни ҳуқуқ ва мухолифин мебошанд.

Ба гуфтаи ӯ, аксари ин боздоштшудаҳо аз минтақаҳои мебошанд, ки толибҳоро қабул надоранд.

«То ҳол толибҳо ҳатто ба касе аз ҷумла расонаҳо иҷозат надодаанд, ки аз боздоштшудаҳо дар зиндон хабар гиранд», — таъкид намудаст Солеҳ.

Амруллоҳ Солеҳ, собиқ ноиби аввали раисҷумҳури Афғонистон мебошад, ки баъди фирори Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури собиқи Афғонистон дар нимаи моҳи августи соли равон, худро роҳбари қонунии давлат эълон карда, таъкид намуд, ки алайҳи ин гуруҳи тундгаро то охир мубориза хоҳад бурд.

Толибҳо нахуст қисматҳои марзии Афғонистонро ғасб карда, баъдан ба маркази музофотҳо гузаштанд ва аллакай 15 август вориди Кобул шуда, аз ташкили аморати ба ном исломӣ хабар доданд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ин гуруҳи тундгаро талаб дорад, ки ҳукумати ҳамашумул ташкил кунад, ҳуқуқи инсонро риоя намояд ва иҷозат надиҳад, ки Афғонистон ба манбаъи терроризму қочоқи маводи мухаддир мубаддал шавад.

Сарчашма: ​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.