расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Марде, ки дар Душанбе рӯзноманигорро кӯфт боздошт шуд: Ба ӯ то 10 соли ҳабс таҳдид мекунад

. / Ҷомеа

Марде, ки дар Душанбе рӯзноманигорро кӯфт боздошт шуд: Ба ӯ то 10 соли ҳабс таҳдид мекунад

Ҳоло ба боздоштшуда аз 5 то 10 соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад

Дар Душанбе кормандони милиса мардеро боздошт намуданд, ки дар саҳни бинои «Шарқи озод» ба хабарнигор дарафтода, ӯро латукӯб ва телефони дастияшро рабуд.

Раёсати умури дохила дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ки ҳодисаи мазкур рӯзи 2 ноябр рух дод ва кормандони ин ниҳод бо гузашти як рӯз ҳамлагарро боздошт намуданд.

«Ин мард сокини шаҳри Норак буда, феълан дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунад», — таъкид мегардад дар хабарнома.

Зикр гардид, ки боздоштшуда ҳоло дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташ тибқи талаботи моддаи 248, «ғоратгарӣ» — ии Кодекси ҷиноӣ парвандаи ҷиноятӣ кушода шуда, тафтишот идома дорад.

РВУД дар шаҳри Душанбе мегӯяд, тибқи моддаи мазкур ба гумонбаршаванда аз 5 то 10 соли зиндон таҳдид мекунад.

Сарчашма: ​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.