расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » РАИСИ НОҲИЯИ ЁВОН: ИНҶОРО ЁВОН МЕГӮЯНД! ТАБАРМУСУЛМОН! АКСАРИ КУЛЛАШ… (САДО)

. / Ҷомеа

РАИСИ НОҲИЯИ ЁВОН: ИНҶОРО ЁВОН МЕГӮЯНД! ТАБАРМУСУЛМОН! АКСАРИ КУЛЛАШ… (САДО)

Раиси ноҳияи Ёвон  доктори илмҳои техникӣ, профессор Саидзода Ҷамшед Ҳамро дар як ҷаласа аз зердастонаш талаб кардааст, ки дар кор нисбат ба мардум сахтгир бошанд. Аммо ин талаби ӯро бархе сокинони Ёвон ҳамчун таҳқири мардуми ин ноҳия қабул кардаанд ва аз мақомот талаб доранд, ки нисбат ба раиси ноҳия чораҳои қонунӣ бияндешанд.
Дар навори садоии кӯтоҳе, ки нусхааш ба дасти идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” низ расид,  раиси як маҷлис, ки бовар меравад, раиси ноҳияи Ёвон Ҷамшед Саидзода бошад, хитоб ба муовинаш дар умури кишоварзӣ мегӯяд: “Кишоварзӣ, фаҳмидӣ? Муовини кишоварзӣ! Дар инҷо дигар хел кор кардан даркор. Инҷоро Ё-ВОН  мегӯянд, бародари азиз. ТАБАРМУСУЛМОН! Сахт нагирӣ, намешавад! Болои сарашро нагирӣ, намекунад! Аксари куллаш…”
Ба гуфтаи манобеи “Бомдод”, ин ҷаласа дар оғози даҳаи дуюми моҳи октябр доир шудааст.
Сабаби бо чунин лаҳн ба зердастонаш дарафтодану мардумро “табармусулмон” ном бурдани раиси ноҳия рӯшан нест.
Вале чанде аз сокинони Ёвон, ки ба пойгоҳи “Бомдод” муроҷиат карданд, мегӯянд, мардуми як ноҳияеро, ки ба он роҳбарӣ мекунад ва амалан аз ҳисоби онҳо нон мехӯрад, аслан ба раиси ноҳия зебанда нест. Бавижа ба Ҷамшед Саидзода, ки унвони доктори илм ва профессор ҳам дораду ба қавле аз қишри олиму равшанфикр ба шумор меравад.
Дар Фейсбук саҳифае бо номи “Родмардони Ёвон” низ ин сабти суханронии раиси ноҳияро нашр карда, аз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пурсидааст, ки магар ин ноҳурматӣ нисбат ба ноҳияе, ки 250 ҳазор аҳолӣ дорад, нест?”
Ана ҳамин мардуме, ки ба қавли раис, табармусулмонанд, дар пешравии кишвари азизамон кору пайкор намудаанд ва хоҳанд кард”, таъкид шудааст дар муроҷиатнома ба президент.
Саидзода Ҷамшед Ҳамро 10 апрели соли 1966 дар ноҳияи Москва (ҳоло Ҳамадонӣ) ба дунё омада, соли 1990 Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис-бинокор хатм кардааст.
Доктори илмҳои техникӣ, профессор аст.
Ҷамшед Саидзода баъди хатми донишкада то соли 2004 дар ҳамин мактаби олӣ, ки баъдан Донишгоҳи техникии ба номи М.Осимӣ ном гирифт, кор карда, соли 2004 раиси кумитаи иҷроияи ҳизби ҳокими халқии демократӣ (ҲХДТ) дар ноҳияи И.Сомонӣ ва алакай соле баъд раиси ҲХДТ дар шаҳри Душанбе шуд. Ӯ солҳои 2007-2009 мудири Маркази танзими Лоиҳаҳои обтаъминкунии шаҳри Душанбе ва солҳои 2009-2010 муовини раиси пойтахт буд ва сипас боз ба кори ҳизбӣ баргашта солҳои 2010-2015- раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе буд. Соли 2015 вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шуд ва то соли 2019 муовини раиси кумитаи корҳои байналмиллалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти палатаи поёнии парлумон буд. Ҷамшед Саидзода 22 июли соли 2019 иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ёвон таъйин гардида, 16 марти соли 2020 раиси комилҳуқуқи ин ноҳия шуд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.