расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ГӮШТ – 40 СОМОНӢ, ЯК ҚУТТӢ ТУХМ – 15 СОМОНӢ. ТАШКИЛИ ЯРМАРКАИ МАҲСУЛОТИ АРЗОН БАРОИ КОРМАНДОНИ ВКД ДАР АРАФАИ ИД (2 АКС)

. / Ҷомеа

ГӮШТ – 40 СОМОНӢ, ЯК ҚУТТӢ ТУХМ – 15 СОМОНӢ. ТАШКИЛИ ЯРМАРКАИ МАҲСУЛОТИ АРЗОН БАРОИ КОРМАНДОНИ ВКД ДАР АРАФАИ ИД (2 АКС)

Подполковник Маҳбуба Гул, яке аз масъулони маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 11 май, дар арафаи иди Рамазон бо ташаббуси роҳбарияти ВКД дар ин вазорат барои кормандонаш ярмаркаи фурӯши маҳсулоти хӯрока бо нархҳои хеле арзонтар аз нархи бозор доир шуд.
Дар ин ярмарка маҳсулоти ғизоӣ аз қабили гушту биринҷ, равғану шакар, тухму орд, картошкаю пиёз, навъҳои гуногуни мева ва дигар маҳсулоти ниёзи мардум пешкаши харидорон карда шуд. Аз он ҷумла, 1 кг гушт – 40 сомонӣ, як қуттӣ тухм – 15 сомонӣ, 10 кг орд – 30 сомонӣ, 1 кг биринҷ – 5 сомонӣ, 1 кг шакар – 6 сомонӣ, 1 кг помидор – 5 сомонӣ, 1 кг бодиринг – 2 сомонӣ, 1 кг картошка – 4 сомонӣ, 1 кг пиёз – 3 сомонӣ, 1 кг сабзӣ – 3 сомониро дар бар мегирифт”, – гуфта мешавад дар иттилоияи нашршуда дар сомонаи ВКД Тоҷикистон.
Ин дар ҳолест, ки нархи як кило гӯшт дар бозорҳои Тоҷикистон аз марзи 60 сомонӣ гузаштааст ва рӯзҳои охир нархи як қуттӣ тухм низ ба 42 сомонӣ расид (як сомонию 40 дирам – нархи як тухм!!!).
Маҳбуба Гул навиштааст, тамоми маҳсулоти пешниҳодшуда ба кормандони милиса аз ҳисоби хоҷагиҳои ёрирасони ВКД пешниҳод гардида, нисбат ба бозору марказҳои савдо арзонтар ба фурӯш гузошта шуда буд, ки ин тӯҳфаи хубе бахшида ба Иди Рамазон ба шумор меравад.
“Лозим ба ёдоварист, ки дар арафаи ҳама гуна ҷашну маросимҳои идона чунин ярмаркаҳо пайваста аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ташкил карда шуда, шаҳодат аз дастгирӣ ва ғамхорӣ нисбати кормандони ин сохтори бонуфузи қудратӣ мебошад”, – навиштааст ӯ.

Ярмаркаи маҳсулоти хӯрока дар арафаи ид

Имрӯз (11.05.с.2021), бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар арафаи Иди Рамазон дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ярмаркаи маҳсулоти хӯрока барои кормандони мақомоти мазкур доир гардид.
Дар ин ярмарка маҳсулоти ғизоӣ аз қабили гушту биринҷ, равғану шакар, тухму орд, картошкаю пиёз, навъҳои гуногуни мева ва дигар маҳсулоти ниёзи мардум пешкаши харидорон карда шуд. Аз он ҷумла, 1 кг гушт – 40 сомонӣ, як қуттӣ тухм – 15 сомонӣ, 10 кг орд – 30 сомонӣ, 1 кг биринҷ – 5 сомонӣ, 1 кг шакар – 6 сомонӣ, 1 кг помидор – 5 сомонӣ, 1 кг бодиринг – 2 сомонӣ, 1 кг картошка – 4 сомонӣ, 1 кг пиёз – 3 сомонӣ, 1 кг сабзӣ – 3 сомониро дар бар мегирифт.
Тамоми ин маҳсулоти хӯрока аз ҳисоби хоҷагиҳои ёрирасони Вазорати корҳои дохилӣ пешниҳод гардида, нисбат ба бозору марказҳои савдо арзонтар ба фурӯш гузошта шуда буд, ки ин тӯҳфаи хубе бахшида ба Иди Рамазон ба шумор меравад. Лозим ба ёдоварист, ки дар арафаи ҳама гуна ҷашну маросимҳои идона чунин ярмаркаҳо пайваста аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ташкил карда шуда, шаҳодат аз дастгирӣ ва ғамхорӣ нисбати кормандони ин сохтори бонуфузи қудратӣ мебошад.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.